Вуруди 200 шаҳрванди Амрико, аз ҷумла наздикони президент Ҷо Байден, ба Русия манъ шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки дар посух ба таҳримҳои пайвастаи маъмурияти Байден, зидди русиягиҳо, вуруди 200 шаҳрванди Амрикоӣ ба Маскав манъ шуд.
Ба феҳрасти афроди таҳримшуда, ки роҳашон ба Русия баста шуд, генералҳо, раҳбарони сохторҳои низомӣ, мушовирони амрикоии Вазорати дифои Украина, сенаторҳо, муовини вазири адлияи ИМА ва Карин Жан Пер, сухангӯи Кохи Сафед шомил шудаанд. Маскав ҳамчунин вуруди Ҷеймс ва Френсис Байден, бародарони Ҷо Байден, президенти Амрико ва хоҳари ӯ, Валери Байденро аз ҳаққи вуруд ба Маскав маҳрум кард.
Чанд корманди ширкати Maxar Technologies ва коршиносони Пажӯҳишгоҳи амрикоии омӯзиши ҷанг (ISW), ки ҳамарӯза аз ҷарраёни ҷанг дар Украина гузориш медиҳанд, мавриди таҳрими Русия қарор гирифтаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия аз таҳримҳои ҳукумати Байден зидди шаҳрвандони ин кишвар ёдовар шуда, гуфтааст, ҳоло “Ҳоло ҳар касе, ки бо ин ё он сабаб, ба Вашингтон писанд нест, роҳаш ба Амрико баста мешавад.”
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, ИМА алайҳи садҳо шаҳрванди Русия, ки аз таҷовузи Маскав ба Киев пуштибонӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ кардааст. Дар охири моҳи сентябр, Амрико садҳо мақмодори дигари Русия, аз ҷумла муовини нахуствазир Александр Новак, раиси Бонки марказӣ, Элвира Набиуллина, наздикони Дмитрий Медведеву Михаил Мишустин ва вакилони Думаи давлатиро ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кард.