Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии девори қафаси сина бо пайвандсозӣ аз тур ва пластикаро таҷриба карданд.
Амалиётро ба таври ройгон дар нафаре анҷом доданд, ки бемории саратон дорад ва шароит надошт, ки аз ҳисоби худ ҷарроҳӣ кунад. Далер, сокини шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз ҷарроҳӣ ба ҳуш омад ва худашро хуб ҳис мекунад.
Ҷовидон Ҷамшедов, ҷарроҳи Маркази илмии саратоншиносӣ, мегӯяд, то кунун сокинон ин гуна ҷарроҳиро дар хориҷа анҷом медоданд. "Вале дар хориҷа вақте устухон пурра бурида мешавад, ҷойи он як протези метали титан истифода мекунанд. Мутаассифона, ин гуна протезҳо, ки дар Фаронса ёфт мешаванд, хеле қимматанд. Мо барои ин бемор вақте нархро пурсидем, онҳо 12 ҳазор евро гуфтанд. Бино бар ин, мо ҷарроҳии дигареро пешниҳод кардем, ки бе истифода аз метали титан ин мушкилро ҳал кунад. Мо дар мадди аввал устунхоро пурра гирифтем. Аввалан аз тури проленӣ истифода бурдем ва дефекти ҷойдоштаро ба пуррагӣ махкам кардем,"--шарҳ дод, Ҷовидон Ҷамшедов.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ин усули ҷарроҳиро табиби тоҷик дар Фаронса аз худ кардааст. Ӯ гуфт, ки даҳ сол дар риштаи ҷарроҳӣ дар қафаси сина дар Фаронса таҳсил кардааст. "Дар рафти ин таҳсил чандин беморро ҷарроҳӣ намудам. Чанд сол қабл дар Фаронса ҳам пайдо намудани протез мушкил буд. Айнан ҳамин гуна ҷарроҳиро дар Фаронса ҳам анҷом медоданд,”—гуфт ӯ.
Далер, сокини 28- солаи шаҳри Хоруғ нахустин беморе дар Тоҷикистон аст, ки бо усули нав ҷарроҳӣ шуд. Ӯ моҳҳо аз дарди қафаси сина азият мекашид. Нақл кард, ки то ҷарроҳӣ баданаш месӯхт ва нафастанг мешуд. "Дигар натавонистам нафас кашам. Протезҳо қимматанд, онҳоро дар дигар давлатҳо истеҳсол мекунанд, пулаш калон аст. Шароит набуд. Духтурҳо гуфтанд, ки чунин кор карда метавонем, агар розӣ бошед. Шукри Худо, ки ҳоло хеле беҳтар шудам,"--гуфт ӯ.
Бино ба омори расмӣ феълан дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар мубталои саратон аст. Аммо омори дақиқе, ки чанд нафари онҳо ба чунин ҷарроҳӣ ниёз доранд, вуҷуд надорад.
Ин аввалин таҷрибаи пизишкони тоҷик дар анҷоми чунин ҷарроҳии душвор аст ва ба гуфтаи сокинону коршиносони соҳаи тиб, мувафақияти онҳоро вақт нишон хоҳад дод.
Табибон мегӯянд, минбаъд барои ин ҷарроҳӣ, ба гирифторони бемории саратон сафар ба кишварҳои дигар лозим нест ва онҳо метавонанд ройгон дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ шаванд. Аммо сокинон бо мушоҳида аз хизматрасониҳои тиббӣ мегӯянд, тамоми хароҷот аз ҳисоби худашон аст ва маблағи он кам нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Беш аз ҳазор кӯдаку навраси тоҷик бо саратон мубориза мекунанд. ВИДЕОДу мафҳуми зидди ҳам. Кӯдакӣ ва саратон дар ТоҷикистонПизишкони тоҷик ҷарроҳии наву мушкилро дар Душанбе таҷриба карданд. ВИДЕОМодарони тоҷик порае аз ҷигари худро ба духтарони якдигар доданд. ВИДЕО