Як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кардааст, ки минбаъд ба афроде, ки мӯҳлати ҷазояшон поён ёфтааст, дар маълумотнома барои доштан ё надоштани доғи судӣ, гуноҳи гузаштаи онҳо зикр нашавад.
Маъмулан, додгоҳҳои Тоҷикистон бо содир кардани ҳукм ё қарор мӯҳлати ҷазо ва мӯҳлати доғи судиро эълон мекунанд. Ин мақоми ВКД гуфтааст, агар мӯҳлати эълонкардаи додгоҳ анҷом ёфта бошад, дигар шарт нест, ки ҷинояти дар гузашта содир карда дар маълумотнома зикр шавад.
Дар Тоҷикистон як шарти қабул ба кор пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст. Дар ин санади вазорат навишта мешавад, ки фард ҷинояте кардааст, ё не.
Алишер Маҳмадализода, як масъули Вазорати корҳои дохилӣ дар нашрияи ин ниҳод "Инсон ва қонун" гуфтааст, зикри ҷиноят дар маълумотнома “обрӯи фардро паст карда, боиси ба кор қабул нашудан ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин нагардидани оилааш мегардад.”
Шӯҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик, ки дар гузашта зиндонӣ шудааст, гуфт, маҳз зикри иттиҳом дар маълумотнома иҷоза надод, дар Тоҷикистон кор ёбад ва барои ҳамин ба Русия рафт.
Дар Тоҷикистон садҳо нафар бо гуноҳҳои мухталиф маҳкум ба зиндон мешаванд. Афроде, ки мӯҳлати ҷазои худро адо карда, раҳо шудаанд, маъмулан аз он шикоят мекунанд, ки доғи судӣ тамоми умр дар пайдо кардани кор ва бозгашт ба зиндагии оддӣ барояшон монеа эҷод мекунад.