Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева, хабарнигор ва як фаъоли ҷомеаи маданӣ аз Бадахшонро ба 21-соли зиндон маҳкум кардааст. Афроди огоҳ аз парванда имрӯз 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми додгоҳ аввали ҳамин ҳафта содир шудааст, вале ҷузъиёти дигаре надоданд. Додгоҳи олӣ ҳам ҳеч баёнияе дар бораи ҳукм содир накардааст.
Улфатхоним Мамадшоева бар ҷиноятҳои гуногун аз ҷумла "даъват ба сарнагунии ҳукумат" муттаҳам мешуд, ҳарчанд худаш пеш аз боздошт гуфта буд, ки ҳеч кори ғайриқонуние накардааст.
Пештар аз ин ва рӯзи 8-уми декабр вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри як баёнияи кутоҳ гуфт, аз гузоришҳо дар бораи ҷазоҳои сахт ба хабарнигорон, блогерҳо, фаъолони маданӣ, ки аз ҳуқуқи худашон барои озодии баён истифода бурдаанд, сахт нигарон аст. Дар баёнияи кутоҳи вазорат дар Твиттер омадааст: ”Мо тақозо мекунем, муҳокимҳо озоду одилона сурат бигирад ва афроде, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд ва озодии баён ҳимоят карда шавад.“
Улфатхоним Мамадшоева, яке дигар аз фаъолони мадании зодаи Бадахшон аст, ки пас аз аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар вилоят дастгир ва акнун ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шуд. Баъди ин тазоҳурот, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони маданиро дар дохилу хориҷа ба иттиҳоми барангехтани ин нооромиҳо дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.
Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф” буд. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ин рафторашон сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.
Гузориш такмил мешавад, бозгашт ба вебсайти моро фаромӯш накунед