Вазорати кор, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар дода, ки соли равон ду ҳазор шаҳрванди ин кишвар барои кор ба Бритониё фиристода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ додааст, ки намояндагони ин ниҳод ва сафорати Бритониё 30-юми январ дар шаҳри Бишкек созишномаеро дар ин замина имзо карданд.
"Интихоби номзадҳо барои корҳои кишоварзӣ дар Бритониё аллакай дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш шуруъ шудааст. Муҳлати қарордоди корӣ то 6 моҳ аст. Барои як соати корӣ 10 фунти бритониёӣ пешниҳод мешавад", - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти ахир, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар, асосан дар Русия қарор доранд.