Раиси ҷумҳури Эрон дар паёме ба солгарди инқилоби исломии соли 1979 гуфт, эътирози зиддиҳукуматӣ дар он кишвар "шикаст хӯрдааст".
Изҳороти Иброҳим Раисӣ 11-уми феврал садо дод. Рӯзе, ки ҳазорҳо нафар дар саросари Эрон раҳпаймоӣ карданд ва низомиён дар Теҳрон тавоноиҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Солгарди инқилоби исломӣ, ки ба ҳокимияти хонадони Паҳлавӣ дар Эрон хотима дод, ҳар сол 11-уми феврал таҷлил мешавад. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ин маъракаро бештар ба майдони таблиғоти худ табдил додаанд.
Эрон аз моҳи сентябри соли 2022, пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, шоҳиди эътирозҳост. Маъмурони пулиси ахлоқ ӯро ба гуноҳи риоя накардани ҳиҷоби ҳатмӣ дастгир карда, пас аз се рӯз ҷасадашро ба наздикон доданд.
Тазоҳурот дар аввал ба зидди ҳиҷоби ҳатмӣ дар Эрон равона шуда буд. Дертар даъватҳо ба инқилоби нав садо дод.
Мақомот эътирозгаронро бо истифода аз зӯру нерӯ саркӯб карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тахмин мезананд, ки зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла 71 кӯдак, кушта ва тақрибан 20 ҳазор нафар дастгир шудаанд.
Иброҳим Раисӣ рӯзи 11-уми феврал ҳангоми суханронӣ дар майдони "Озодӣ"-и Теҳрон иддао кард, ки тазоҳурот "тарҳи душманони Эрон аст" ва "ҳадафаш пешгирӣ аз идомаи дастовардҳои миллат". Чизе, ки норозиён бофта меноманд.