Раҳмон ба наздикони фавтидагон дар ВМКБ таслият гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба пайвандону наздикони нафарони ҳалокшуда дар пайи тармафароӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори таслият кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал хабар дод, ки ҳамчунин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби идораҳои давлатӣ комиссия таъсис шуда масъулин вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳ оқибатҳои онро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддӣ, аз ҷумла маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгорро дастрас кунанд.

Рӯзи 15-уми феврал дар пайи тармафароиҳо дар Хоруғ 10 нафар ва дар ноҳияи Ванҷ ду нафар ба ҳалокат расида, 12 нафар дар беморхона қарор доранду чанд нафари дигар феълан бедараканд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати ВМКБ дар саҳфаи худ дар Фейсбук бо нашри чанд акс хабар дод, ки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба аёдати нафароне, ки ҷароҳат бардошта буданд, ба беморхона рафтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.