Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек мардеро, ки дар латтукӯби ҳамсар ва фарзанди яксолаи худ гумонбар мешавад, ҳабс кард.
Дар хадамоти матбуотии додгоҳ гуфтанд, ки гумонбар то 26-уми апрели имсол дар ҳабс мемонад.
Қаблан пулиси Свердлов хабар дода буд, ки як зан 25 феврал аз болои шавҳари худ шикоят кардааст. Ба гуфтаи зан, шавҳараш ӯ ва кудаки яксолаашро шадидан латтукӯб карда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расонидааст.
Зидди мард бо банди "шиканҷа" парванда боз шудааст. Ба ӯ аз 50 то 100 ҳазор сом ҷарима ё то се соли зиндон таҳдид мекунад.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, соли 2022 дар он кишвар 6580 хушунати хонаводагӣ сабт шудааст.