Паҳлавӣ: Суқути Ҷумҳурии Исломӣ танҳо ба нафъи эрониҳо нест

Ризо Паҳлавӣ

Шоҳзодаи собиқ хоҳони ташкили як ҳукумати демократӣ дар Эрон шуд.

Ризо Паҳлавӣ гуфт, суқути Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо эрониёнро аз зулми "режими террористӣ" халос хоҳад кард, балки барои таъмини субот дар ҷаҳон муфид хоҳад буд.

Паҳлавӣ ин суханронро рӯзи 28-уми феврал дар як суханронӣ дар Бритониё ба забон овард.

Вай афзуд, дигар шудани режим дар Эрон ба нақзи ҳуқуқи башар ва сиёсати хориҷии таҷовузкорона низ хотима хоҳад бахшид.

Падари Ризо Паҳлавӣ, подшоҳи собиқи Эрон, дар натиҷаи инқилоби исломии соли 1979 аз қудрат маҳрум шуд.