Дар Эрон барои назорат аз ҳиҷоб дастгоҳ насб мекунанд

Метрои Теҳрон. Духтаре бе рӯсарӣ дар рӯбарӯи ходими полиси ахлоқ

Мақомот дар Эрон гуфтанд, барои назорати бештар аз либоси занон дар кӯчаву хиёбон ва муассисаҳои иҷтимоӣ дастгоҳҳои сабти видео насб мекунанд.

Бо нашри чунин изҳорот полиси Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 8-уми апрел навишт, ҳуввияти занону духтарони бадҳиҷобро мушаххас карда, ба онҳо ҳушдори телефонӣ мефиристанд.

Чунин қарор дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта дар Эрон эътироз ба зидди либоси маҷбурии занон ва ҳам режими ҳоким сар шуд ва то ҳанӯз баҳси он дар дохилу хориҷ идома дорад.

Марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи полис баъд аз он ки бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ боздошт шуда буд, мавҷи азими эътирозҳои сартосариро эҷод кард.

Пас аз ин баъзе аз занон ошкоро дар кӯчаву хиёбонҳо бе ҳиҷоб мегарданд ва гоҳе бо муҷозоти мақомот ва ё ҳамлаҳои ҷудогона рӯбарӯ мешаванд.