Муаллифи "Зан, фиқҳ, ислом" раҳбарони Эрон ва Қонуни ҳиҷобро танқид кард

Занон дар бозори шаҳри Кирмон.

Сиддиқа Васмақӣ, яке аз пажуҳишгарони маъруфи дин дар Эрон, раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва қонуни ҳиҷоби маҷбуриро танқид кардааст.

Муаллифи китоби “Зан, фиқҳ, ислом” дар як нома ба унвони Алии Хоманаӣ ӯро масъули “тамоми паёмадҳои ҷонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ”-и бархӯрд бо мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ донистааст.

Ӯ дар ин нома гуфтааст, ки Қонуни ҳиҷоби иҷборӣ дар Эронро нодуруст шарҳ медиҳанд ва бархӯрди ҳукумат бо мухолифони ин либоси исломӣ, на ангезаҳои динӣ, балки ангезаҳои сиёсӣ дорад. Номаи исломпажӯҳи шинохта ба раҳбари ҷумҳурии исломӣ дар замонест, ки чанде аз мақомоти баландпояи Эрон ба занон ҳушдор додаанд, ки аз сар гирифтани ҳиҷоб дар назди мардум манъ аст ва ин корро дигар накунанд.

Баъди ин ҳушдорҳо бонувони зиёде дар Эрон баръакс рӯсариву ҳиҷобҳои худро дар кӯчаву хиёбонҳо гирифта ва ингуна аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Сиддиқа Васмақӣ дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ худаш ҳиҷоб дорад, “вале набояд онро ба дигарон бо зӯру таҳдид бор кард.”

Моҳи сентябри соли гузашта, маъмурони пулис Маҳсо Аминӣ, як духтари 22-солаи эрониро бо иттиҳоми нодуруст пӯшидани ҳиҷоб боздошт карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд. Ин ҳодиса хашми ҷомеаи Эрон ва тазоҳуроти азими зиддиҳукуматиро барангехт.

Даҳҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо рехтанд ва занон ҳам ҳиҷоби худро кашида ва оташ заданд. Дар Эрон аз соли 1983 қонуне амал мекунад, ки бар асоси пӯшидани ҳиҷоб дар берун аз хона барои тамоми занон ҳатмист.

Сиддиқа Васмақӣ ҳамчунин амалкардҳои ахири ҳукуматро танқид кардааст, ки мағозаву дӯконҳоеро баст, ки ба занони беҳиҷоб хидмат расондаанд ва ё соҳибони онҳоро танбеҳ дод. Ба гуфтаи донишманд, ин гуна амалкардҳои мақомот бештар аз ҳарчизи дигар ба худи ҳукумат зарар мерасонад.

Ӯ мегӯяд: “Қонуне, ки мавриди қабули мардум набошад ва паёмадҳои зиёнбор дошта бошад, дигар наметавонад, аз назари урфӣ муҳтарам бошад.”

Сиддиқа Васмақӣ афзудааст, ки ҳукумати Эрон аз воқеиятҳои имрӯзаи кишвар дуруст огоҳ нест. Ба қавли ӯ: “Пешбиниҳои ҳукумат дуруст нест, таҳлилҳояшон аз ҷомеа ғалат аст, насли ҷавонро намешиносанд, ҳатто насли моро, ки инқилоб кардем, намешиносанд ва намедонанд, ки мо ҳам тағйир кардаем ва ингуна рафторҳо, сиёсатҳо ва улгуҳоро таҳаммул намекунем.”