Дар мӯҳр ва қароре, ки рӯи он часпонда шудааст, гуфта мешавад, ки “Дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 22 маи соли 2023 № 208 фаъолияти Маркази савдои “Лола” аз санаи 25 маи соли 2023 то анҷоми азнавсозӣ боздошта шудааст”. Маълум нест, ки оё ин бозор баъди анҷоми корҳои азнавсозӣ дубора ба кор идома хоҳад кард ё на.
Соҳибкорони ин бозори таҷҳизоти техникӣ аз он ки ба истилоҳ ҷои гарми онҳо хунук мешавад, розӣ нестанд. Шаҳрдорӣ аз чанд ҳафта пеш онҳоро барои кор дар бозори нави воқеъ дар қисмати дигари шаҳри Кӯлоб ташвиқ мекунад. Баъзе аз тоҷирон иддао мекунанд, ки он ба наздикони раиси шаҳр тааллуқ дорад. Дар ҳукумати Кӯлоб инро рад карданд.
Рӯзи 25-уми май Манучеҳр Асозода, муовини раиси Кӯлоб гуфт, “шароити бозори нав беҳтар аст. Агар дар ин бозор аз 100 то 150 нафар ҷо шавад, дар бозори нав то 400 тоҷир метавонад савдо кунад.”
Мақомдорони шаҳр дар шарҳи расмии худ мегӯянд, ки мушкили “Лола” дар ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи шаҳрсозӣ ва танбашавии мошинҳо дар таваққуфгоҳи воқеъ дар даромадгоҳи бозор аст, чун ҳаракатро ба дохили шаҳр мушкил мекунад. Тоҷирон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, бо нишон додани истодгоҳи мошинҳо мегӯянд, ин танҳо баҳона аст барои кӯчондани маҷбурии онҳо.
Рӯзи 25 май даҳҳо тоҷир дар ҳудуди бозор ҷамъ омаданд. Мухолифони баста шудани бозор, ки ин маконро чун ҷои даромади муҳими худ ва оилаашон медонанд, ба ин ақидаанд, ки зарурате барои кӯч додани онҳо вуҷуд надорад. Маркази савдои “Лола”, ки як бозори марказиву одатшудаи сокинони маҳаллӣ мебошад, ҳанӯз аз охири солҳои шӯравӣ фаъол аст.
Як мояи норозигии дӯкондорон ин аст, ки имкони харидани ҷойро дар бозори нав надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар солҳои истиқлолият дар нуқтаҳои дигари Тоҷикистон ҳам бозорҳои зиёди серҷамъият мавриди тахрибу кӯч додан қарор гирифтаанд. Яке аз пурбаҳстарин қарорҳои шаҳрдории Душанбе азбайн бурдани бозори маъруфи «Шоҳмансур» дар соли 2017 гардид. Дар баробари эътироз аз ҷанбаъҳои фарҳангию ахлоқии ин қарор, ки нобудсозии кӯҳантарин бозор ва як рамзи муҳими пойтахтро мавриди интиқод қарор медод, тоҷирон мутобиқ шудан ба шароити бозори нави «Меҳргон»-ро зери суол бурда буданд.
Вале мақомот, ҳамонгуна, ки баъдан дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва нуқоти дигар ҳам дида шуд, ба эътирози тоҷирон аҳамият надода, ҳамеша аз манфиати бозори нав дифоъ карданд.
Мунаққидон мегӯянд, дар шароити боло будани мизони бекорӣ дар Тоҷикистон маҳз бозорҳо ба ҷои асосии даромади ҳамонрӯзаи як қишри муҳими аҳолӣ табдил шудаанд ва ҳама гуна бӯҳронҳои атрофи чунин марказҳои тиҷоратӣ, мисли сӯхтор ё қатъи фаъолият, ки дар гузашта бисёр дида шудааст, ба таври мустақим ба ҷайбу даромади савдогарони он зарба мезанад.
Аз сӯи дигар, ба бовари таҳлилгарони иқтисодӣ, бозорҳо барои бархе гурӯҳҳо макони муҳими даромадҳои соягӣ ва ғайрирасмӣ дониста мешаванд ва назорат аз кори ин даромадҳо ҳамеша дар дасти соҳибони онҳо аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эътирози тоҷирони бозори "Лола" дар Кӯлоб"Ин вазъ то абад намемонад." Умеди тоҷирони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон. ВИДЕОҚарори Чин соҳибкорони тоҷикро хушҳол кард, вале мушкилӣ монд. ВИДЕОБозори пешинаи Кабириро дар шаҳри Турсунзода пурра бастаандНон дар Тоҷикистон гарон шуд. Баъзе аз тоҷирон дари дӯконҳоро бастаанд. ВИДЕО, АКСАз тоҷирони "Султони Кабир" хостанд, зудтар ба "Кушониён"раванд. ВИДЕОБозори "Ҷал-Ҷам" мекӯчад. Соҳибкорон имтиёз мехоҳанд. ВИДЕО"Хитой бозор" ҳам моли таърих шуд. ВИДЕОБозори "Шоҳмансур" барои ҳамеша баста шуд. ВИДЕО