Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат барои таҳсили як хонандаи мактаб дар кишвар соле аз 1312 то 2046 сомонӣ (ҳудуди 120 то 180 доллар) сарф мекунад.
Омӯзгорон ва огоҳони вазъ ин маблағро нокифоя медонанд ва сармоягузории каму сарфи нодурусти маблағ дар соҳаи маорифро танқид мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб аст, ки дар онҳо бештар аз ду миллион хонанда таҳсил мекунанд. Бештари мактабҳо давлатӣ ҳастанд ва аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ мешаванд. Соли гузашта беш аз 7 миллиард сомонӣ ё ҳудуди 19 дар сади буҷаи Тоҷикистон ба бахши маориф ҷудо шудааст, ки 52 дарсадашро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ харҷ кардаанд.
Баҳриддин Музаффарзода, сардори Раёсати пешбари иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маблағ дар соҳаи маориф дуруст ва ҳадафмандона сарф мешавад.
Аз буҷаи умумӣ ба ҳар мактаб вобаста ба шакли фаъолият соле аз 35 то 243 ҳазор сомонӣ медиҳанд.
“Роҳбари муассисаи таълимӣ ин маблағҳоро пеш аз ҳама ба афзалиятҳои мактаб медиҳад. Аввал барои мактаб ин пардохти музди маоши омӯзгор аст. Баъдан пардохти андозҳои иҷтимоӣ мебошад. Сеюм хароҷотҳои коммуналӣ аст: барқ, об, интернет, харидории таҷҳизот. Ҳамин тавр, вобаста ба афзалияти мактаб, маблағҳо муайян карда мешаванд. Ин маблағҳо ба дасти хонанда дода намешавад. Аммо ин маблағҳо барои он ки хонанда таълим гирад, хонанда ҷои нишаст дошта бошад, бо буру тахтаи синф ва дигар таҷҳизотҳои таълимӣ таъмин бошад, харҷ мешавад,”—гуфт Баҳриддин Музаффарзода.
Огоҳони вазъ шеваи харҷи маблағ дар мактабҳоро нодуруст ё олуда ба фасод медонанд. Омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, ки нахост аз ӯ ном барем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ дар ном ҷудо мешавад, вале маълум нест, куҷо сарф мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аксари харҷ дар мактаб аз ҳисоби волидони хонандагон сурат мегирад ва маоши ночизи омӯзгорон низ сарфи харҷҳои беҳуда мешавад.
“Як мушкиле, ки шояд дар ҳамаи мактабҳо ва барои ҳамаи омӯзгорон пеш меояд, ин омадани ҳамон “меҳмон”-ҳо ба мактаб аст. Вақте меҳмоне ба мактаб меояд, албатта, ба қавле меҳмондорӣ аз ҳисоби мудир намешавад. Барои ободонӣ мегӯянд ва омӯзгор наметавонад ҳамаи онро аз ҳисоби маошаш пардохт кунад. Обунапулӣ аз маоши муаллим гирифта мешавад. Баъзан, муаллим маҷбур аст, ҳатто бурро аз ҳисоби худаш харад. Маълум, ки дигар омӯзгор аз хонанда кумак мехоҳад. Вақте ин қадар мушкил аст, омӯзгор дарси дуруст гуфта наметавонад ва боз ҳам ин ҳама муаллимро бадном мекунанд,”—гуфт ӯ.
Ин омӯзгор гуфт, намояндагони ниҳоду мақомоти назоратӣ пайваста фаъолияти мактабу омӯзгоронро тафтиш мекунанд ва дар ниҳоят ҳадафашон ба даст овардани пул аст. Аз сӯи дигар, маблағе, ки барои мактабҳо ҷудо мешавад, аллакай дар идораи молия кам мешавад. “Мудирони молия ба хотири “бедарди сар ва саривақт” гузаронидани пул ба мактаб аз он ҳақ талаб мекунанд. Ин “ҳақ” гоҳо аз 10 то 20 дарсади маблағест, ки онро бояд молия ба мактаб диҳад,”—гуфт мудири як маткаби миёна дар шаҳри Кӯлоб.
Баҳриддин Музаффарзода, масъули Вазорати маориф ва илм фасоди саросарӣ дар идораи маорифро як иддаои бепоя медонад. Ба гуфтаи ӯ, мудирони мактабҳо дар сарфи маблағҳо мустақиланд.
Бархе сокинон мегӯянд, кумак ба мактаб барои таҳсили беҳтари фарзандонашон кори баде нест, аммо ҷамъоварии маблағ вазифаи омӯзгор нест. Ҷамшед Абдураҳимов, сокини шаҳри Ваҳдат гуфт, вақте омӯзгор дар мактаб аз хонанда маблағ мепурсад, волидон эътироз мекунанд. Ӯ гуфт, шароити сахти кори омӯзгорро дарк мекунад ва ин амалро маҳкум намекунад.
Мақомот пайваста таъкид мекунанд, ки маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ҳамасола бештар мешавад.
Камбуди сармоягузорӣ, фасод ва вуҷуд надоштани барномаҳои мушаххасро коршиносон аз омилҳое медонанд, ки бо гузашти беш аз се даҳсола аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намегузоранд, мушкиле чун шароити хуби таҳсил дар кишвар, ҳал шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазорати маориф мушкили "як мактабу 14 хонанда"-ро дар Ваҳдат шарҳ дод. ВИДЕО"Мактаби тоҷикӣ ҳаст, китоб нест." Тоҷикони Сариосиё чӣ вазъ доранд? ВИДЕО“Омӯзгор намерасад", "донишҷӯ нест" ва "либос – гарон". 1 сентябр дар Тоҷикистон. ВИДЕОДар Тоҷикистон роҳи "бачаҳои тасодуфӣ"-ро мебанданд?Марги як духтари наврас дар "маршировка". Наздиконаш гуфтанд, бемор буд"Бо маоши муаллимӣ рӯз намегузарад." Чаро омӯзгорони тоҷик тарки пеша мекунанд?