Марги Маҳмудовро дар зиндон "баёнгари муносибати зиддиинсонӣ" гуфтанд

Ҷалолиддин Маҳмудов

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, марги Ҷалолиддин Маҳмудов, узви пешини ҲНИТ-ро дар маҳбас "баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсӣ" номид.

Шӯрои ин созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми август аз мудофеони ҳуқуқ хостааст, "ба вазъияти зиндонҳо ва маҳбусони сиёсӣ таваҷҷуҳ карда, раванди дармон ва табобати онҳоро зери назорат бигиранд".

Ҳукумати Тоҷикистон мавҷудияти зиндониёни сиёсиро дар кишвар рад мекунад. Мухолифон ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон даҳҳо маҳбусро зиндонии сиёсӣ ном мебаранд.

Ба қавли наздиконаш, Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 12-уми август дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузашт. Ӯро 13-уми август дар зодгоҳаш, шаҳри Ҳисор, дафн карданд. 63 сол дошт.

Мақомот сабаби марги Ҷалолиддин Маҳмудовро нагуфтанд. Пештар пайвандонаш шикоят доштанд, ки ӯ аз дарди пешобдон ва бемории қанд ранҷ мекашад.

Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, рӯзи 13-уми август ва дар пайи марги Ҷалолиддин Маҳмудов бори дигар аз муносибати ҳукумат бо маҳбусони сиёсӣ ибрози ташвиш кардааст.

"Мақомот дидаву дониста барои маҳбусон ва ба вижа маҳбусони сиёсӣ шароити тоқатфарсо ва ғайриинсониро месозад, то ба мақсади асосиаш - қатли бидуни додгоҳии дигарандешон бирасад," - гуфта шудааст дар эъломия. Намояндагони ҳукумат ба ин иддао вокуниш накардаанд.

Ҷалолиддин Маҳмудов соли 2015 ба гуноҳи доштани силоҳ зиндонӣ ва соли 2019 пеш аз адои давраи ҷазо раҳо шуд. Дертар ӯро "барои ҳамкорӣ бо мухолифони таҳти пайгард" дубора зиндонӣ карданд.

"Дубора зиндонӣ кардани Ҷалолиддини Маҳмуд ва даҳҳо нафари дигар бо баҳонаи кумак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳояшон далели дигари амалҳои барномарезишудаи мақомот барои фишор болои зиндониёни сиёсӣ мебошад," - гуфта шудааст дар эъломияи Паймони миллӣ.

Ҷалолиддин Маҳмудов пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳамраиси Кумисюни муштараки назорат бар оташбас аз сӯйи мухолифон ва солҳои дароз узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.