Имсол донишҷӯёнро ба "маршировка" намебаранд?

"Маршировка"-и донишҷӯён дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони се донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол донишҷӯёнро барои иштирок дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи Истиқлол (9-уми сентябр) ҷалб намекунанд.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯйи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 25-уми август ба “маршировка” нарафтани донишҷӯёнро тасдиқ кард, вале гуфт, ки сабабашро намедонад.

Ҳар сол садҳо донишҷӯй дар гармии тобистон барои таҷлил аз Рӯзи Истиқлол ва ё маъракаҳои дигар дар роҳпаймоӣ машқ мекарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ онро нақзи ҳуқуқи ҷавонон арзёбӣ мекарданд, вале масъулон чунин иддаоро беасос медонистанд.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири собиқи маориф, соли 2021 баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасакӣ” номид.

То ҷашни истиқлол 15 рӯзи дигар мондааст. Ин шабу рӯз омодагии кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати ин сана дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт идома дорад.

"Ҳоло маршировка нест, вале аз якуми сентябр, вақте ба донишгоҳ меоянд, эҳтимол барои ширкат дар роҳпаймоии якрӯза ба муносибати 9-уми сентябр ҷалб шаванд," -- гуфт яке аз мусоҳибони мо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад.

Тоҷикистон 32 сол пеш, дар рӯзи 9-уми сентябр, аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуд ва истиқлоли худро эълон кард.