Як зан дар ноҳияи Восеъ келинашро ташвиқ менамояд, ки ба рассомӣ машғул шавад ва ӯро барои муаррифии наққошиҳояш дар озмунҳо ҳамроҳӣ мекунад.
Гулистони Фаттоҳ, сокини 26-солаи ноҳияи Восеъ, ягон омӯзишгоҳи рассомӣ нахондааст, вале наққоширо дӯст медорад. Хушдоманаш барои рушди ҳунараш ӯро кумак мекунад.
Дар Тоҷикистон, ки борҳо азияти келин аз ҷониби хушдоманҳо расонаӣ шудааст, Гулистони Фаттоҳ мегӯяд, дар намунаи хушдоманаш ба чунин ҳарфҳо бовар надорад.
"Вақте ман ба кашидани расм шурӯъ мекунам, хушдоманам кӯдаконро ба ягонҷо ба сайр мебарад, то фикри ман ҳангоми кор парешон нашавад,”—мегӯяд, ӯ.
Гулистон ду фарзанд дорад, ки бештар онҳоро бибияш нигоҳубин мекунад.
Ҳунари ин зани ҷавон дар хонаи хушдоманаш рушд кард ва ҳоло ӯро барои муаррифии наққошиҳояш ба озмунҳо даъват мекунанд.
Ӯ гуфт: “Хушдомани ман одами хоксор аст, одами мефаҳмидагӣ аст. Намехоҳад, ҳамин касби ман, ҳунари ман аз байн равад. Ман ҳаминхел шанс дорам, ҳаминхел истеъдод дорам, намехоҳад ҳамин ҳунари ман гум шавад, ҳатто орзу дорад, ки ҳунари ман ҷаҳонӣ шавад.”
Баръакси хушдоман, шавҳари Гулистон монеъи рассомии ӯ буд, вале бо роҳнамоӣ ва дастгирии хушдоманаш ин мушкил аз байн рафт.
Ҳоло шавҳар низ ҳамроҳи модараш Гулистонро ташвиқ мекунанд, то дар касбаш пеш равад. Дар ҳар чорабиние, ки ба он Гулистон даъват мешавад, хушдоман ҳамроҳаш аст.
Зайнаб Файзова, хушдомани Гулистон гуфт, келинаш истеъдоди худодод дорад. "Гуфтам, бачам, ҳамин истеъдод дорад, дар ягонҷо нахондааст, ҳаминро Худо додааст. Дар ҳамин мактаби 50 як расм мекашад, онҳо рафта аз ҳисоби расмҳои ӯ ҷо мегиранд. Бо ҳамин розӣ шуд ва гуфт, куҷое меравад, худат ҳамроҳаш меравӣ,"--гуфт ӯ.
Гулистони Фаттоҳ, панҷ сол пеш бо писари Зайнаб Файзова издивоҷ кард. Ҳоло онҳо дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунанд. "Дар ҳама чорабиниҳо ҳамроҳаш меравам. Модар розӣ бошад, ҳамон фарзанд ҳам розӣ аст. Ман худам розӣ ҳастам, ҳар вақте меравам, инро таъриф мекунанд, як куртаи дигар мекунам гуё,"—гуфт хушдомани Гулистон.
Аксари духтарони ҳунарманд дар Тоҷикистон пас аз издивоҷ ва дар пайи мухолифати шавҳару хушдоманҳо касбашонро тарк мекунанд. Мақомот борҳо барои оштӣ додани келину хушдоманҳо чорабиниҳо анҷом додаанд. Коршинсон мегӯянд, барои аз байн рафтани келинозорӣ бояд намунаи зиндагии афроде мисли Гулистон дар ҷомеа бештар тарғиб шавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад