Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 18-уми сентябр дар изҳороте гуфт, ҳамлаи Русия ба хоки Украина таваҷҷуҳро ба минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ дубора зиёд кард, вале Ҷо Байден набояд иҷозат бидиҳад, ки ин вазъ ба масъалаи доғи ҳуқуқи башар соя андозад.
Интизор меравад, дидори нахустини президент Байден бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ин ҳафта дар ҳошияи Маҷмааи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шавад.
Искра Кирова, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҷанги Русия зидди Украина дар пайи мустаҳкам кардани робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Аммо, ба қавли ӯ, давлатҳои ғарбиро зарур аст, ки дар пайи кафолати волоияти қонун ва ҳуқуқи башар дар минтақа бошанд.
Дар изҳороти HRW аз чанд мавриди ҷиддии поймол шудани ҳуқуқи одамон дар Осиёи Марказӣ ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар аз он ибрози ташвиш кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон саркӯби ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсонро дар солҳои охир бештар кардааст.
“Мақомот дар солҳои 2021-2022 эътирозҳои осоиштаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бераҳмона пахш карданд; алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар бо иттиҳомҳои сохта парванда кушода, аз онҳо қасос гирифтанд; бисёре аз созмонҳои иҷтимоиро аз байн бурданд,” -- омадааст дар гузориши HRW.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накарда, аммо дар гузашта чунин танқидҳоро рад намуда буданд. Мақомот борҳо гуфтаанд, ки дар ВМКБ гуруҳҳои ҷиноиро саркӯб карданд ва рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шуданд.
Мустақилона таҳқиқ нашудани ҳодисаҳои рухдода дар Бадахшон ва паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи фаъолон ва ҳамчунин 8 хабарнигору блогер ҳарфҳои мақомотро зери шубҳа мебарад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида пеш аз мустаҳкам кардани робита бо Тоҷикистон бояд “вазъи вахими ҳуқуқи башар”-ро беҳтар кунад ва дар ин самт пешрафтҳои мушаххас ба даст биорад.
Дар гузориши HRW ҳамчунин аз саркӯби эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ёд шудааст, ки ба гуфтаи гузоришгарони созмон, дар ҷараёни он камаш 238 нафар кушта ва садҳо нафар боздошту шиканҷа шуданд.
“Ҳукумати Қазоқистонро ҳоло ҳам зарур аст, ки дар бораи кушта шудани одамон ва қонуншиканиҳои дигар таҳқиқоти шаффоф гузаронда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашад. Иёлоти Муттаҳида бояд ба таҳқиқи мустақилонаи нақзи ҳуқуқи башар дар ин бора исрор варзад ва иҷозат надиҳад, ки ҳодисаҳои “январи хунин” аз дастури кори вохӯрӣ берун монад,” -- омадааст дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз он нигаронӣ кардааст, Қирғизистон бо суръат аз ҷойгоҳи пешинаи худ ба ҳайси кишвари дорои фаъолтарин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо дар минтақа дур мешавад. Муаллифони гузориш навиштаанд, ҳукумати Қирғизистон барои маҳдуд кардани расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чанд қонун ва қарорҳои саркӯбгароёна қабул кард.
Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, Туркманистон ҳамчунон як кишвари пӯшида ва саркӯбгар дар ҷаҳон мемонад. Тағйир ёфтани роҳбарият дар кишвар ба бовари гузоришгарон, вазъи ҳуқуқи инсонро дигар накард.
Гузоришгарони Дидбони Ҳуқуқи Башар навиштаанд, сарфи назар аз изҳороти Шавкат Мирзиёев, дар Узбекистон ислоҳоти сиёсӣ гузаронда нашуд. Аз нав интихоб шудани ӯ дар як интихоботи бе рақобати воқеӣ ва тағйири Қонуни асосӣ далели гузарондани нашудани ислоҳоти сиёсӣ гуфта шудааст.
“Тамоюл нишон додани раҳбарони Осиёи Марказӣ барои ин нишаст барои президенти Ҷо Байден як фурсатест то нишон диҳад, ки шарикии ҳақиқӣ бар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи башар чӣ гуна хоҳад буд. Агар ҳуқуқ ва дархостҳои қонунии аксар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ кафолат дода нашаванд, суботи дарозмуддат дар минтақа зери хатар аст,” -- хулоса кардаанд гузоришгарони Дидбони Ҳуқуқи Башар.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад