Як пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар доираҳои журналистӣ дар дохил ва хориҷ ба таври гуногун шарҳ доданд. Эмомалӣ Раҳмон хоҳони таъсиси Анҷумани расонаҳои Осиёи Марказӣ шуд, то ба гуфтааш аз нашри хабарҳои таҳрифшуда пешгирӣ шавад.
Даъват рӯзи 14-уми сентябр дар нишасти машваратии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе садо дод. Дар нишасте, ки ширкатдоронаш барои маҳдудияти озодии баёну расонаҳои мустақил танқид мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишаст гуфт, "фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст. Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шавад."
Маълум нест, даъвати раҳбари Тоҷикистон аз тарафи ҳамтоёнаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то куҷо пазируфта мешавад. Дар Тоҷикистон баъзе аз журналистон онро саривақтӣ номиданд.
Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж" мегӯяд, баъди ҳодисаҳое ба монанди муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, зарурати таъсиси чунин Академия бештар шудааст.
"Дар ҳодисаҳои марзие, ки дар Исфара рух дод, ҷониби Тоҷикистон дигар чиз мегуфт, ҷониби Қирғизистон дигар чиз. Ман фикр мекунам, ки вақте ассотсиатсия шуд ва он фаъолона пушти ҳадафҳои ягона шуд, ҳатман ин мушкилот яктарафа мешавад ва ба пайдо шудани бисёр расонаҳои нав мусоидат мекунад”.
Назари дигар ҳам ҳаст. Баъзе аз намояндагони расонаҳои мустақил мегӯянд, ҳама гуна сохтору анҷуманҳои матбуотии таҳти назорати давлат зери сензура ва дастурҳои ҳукумат мемонанд. Брюс Паннер, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ гуфт, кори чунин анҷуманҳоро ҳукуматҳо ба манфиати худ истифода мекунанд:
Ба гуфтаи ин коршинос, "онҳо мехоҳанд бо таъсиси ин анҷуман, талошҳои худро ҳамоҳанг кунанд ва мутмаин бошанд, ки иттилооти нодаркор дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн нашавад. Ман махсусан блогеронро дар Ютюбу ба ин монанд шабакаҳо дар назар дорам."
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо ҳам бар ин аст, ки таъсиси Анҷумани расонаҳои хабарии Осиёи Марказӣ метавонад сензураро дар кишварҳои минтақа сахттар кунад.
Ба таъкиди Мирсаидов, "дар сатҳи муайяне дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ сензура ҷорӣ шудааст. Акнун бо роҳи таъсис додани Анҷуман мехоҳанд ин сензураро баробар кунанд, ки дар ҷое каму зиёд набошад. Табиист бо гузашти вақт ин ҳама ба сатҳи сензура дар Туркманистон баробар карда мешавад."
Бархе аз хабарнигорон ва муассисони расонаҳои хабарӣ мегӯянд, эҳтимол даъвати таъсиси анҷумани "давлатӣ" барои расонаҳои минтақа дастгирӣ наёбад, чун дар ниҳояти амр, ҳар кишвари Осиёи Марказӣ раҳбару самтгириҳои худро дорад.
Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мешаванд. Аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар 18-уми сентябр дар гузорише аз маҳдуд шудани озодиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, саркӯби эътирозҳо, зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ва фаъолон нигаронӣ кард. Дар чунин шароит маълум нест, ки таъсиси Анҷумани расонаҳои Осиёи Марказӣ кори хабарнигоронро дар минтақа беҳтар мекунад ё боиси маҳдудтар шудани озодии баён мешавад?
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Талаби HRW дар остонаи дидори Байден бо Раҳмон ва раҳбарони дигари ОМ. ВИДЕОРӯзноманигорон хостори муколама бо мақомот шуданд. ВИДЕОHRW: Рафтори нерӯҳои қирғиз ва тоҷик дар даргирии соли 2022 “эҳтимол баробар ба ҷинояти ҷангист". ВИДЕОТалаби фаъолон аз Созмони Милал ҳангоми сафари Раҳмон ба АмрикоСаркӯб, шиканҷа, "одамрабоӣ". HRW ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард. ВИДЕО, САДО"Корҳои хатарнок" дар Тоҷикистон. Кӣ аз чӣ метарсад?