Баҳси Қаробоғи Кӯҳӣ. Чаро Озарбойҷон ногаҳон ба ҳуҷум гузашт?

Қарабоғи Кӯҳӣ

Ҳамлаи нави Озарбойҷон ба Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишааш бо Арманистон, ки нигарониҳои зиёдро ба бор овард, рӯзи 19-уми сентябр бо созиши оташбас ба поён расид. Суоли асосӣ ин аст, ки чаро Озарбойҷон ногаҳон ба ҳуҷум гузашт?

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, Боку аз ҷараёни сусти музокираҳои сулҳ ноумед шуда буд ва дар пайи ҳисобукитоби пайомадҳои эҳтимолии ин амалаш дар Ғарбу Русия, қарор кард, ки дастбакор шавад.

Ҷошуа Кучера, таҳлилгар

Давоми чанд моҳи гузашта чунин ба назар мерасид, ки музокирот бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ба манфиати Озарбойҷон ҷараён дорад.

Ҳукумати Арманистон расман гуфт, ин минтақаро, ки давоми даҳсолаҳо дар маркази низоъҳои мусаллаҳонаи пурқурбонӣ қарор дошт, чун бахше аз қаламрави қонунии Озарбойҷон мепазирад. Пас, чаро ҳодисаи охир рух дод?

Таърихча

Қаробоғи Кӯҳӣ аз гузашта макони зисти мардуми ҳам арманӣ ва ҳам озарӣ мебошад. Дар остонаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тахминан 75 дарсади сокинони Вилояти Мухтори Қаробоғи Кӯҳиро арманиҳо ташкил медоданд.

Ҷараёнҳои сиёсии миллатгароёна дар охири солҳои 1980-ум бисёр талош карданд, ки минтақаро аз Озарбойҷон ҷудо карда, ба Арманистон ҳамроҳ кунанд. Дар натиҷаи ҷанге, ки аввали солҳои 90-ум миёни Озарбойҷону ҷудоиталабони мавриди пуштибонии Арманистон сар зад, тахминан 30 ҳазор кас қурбон шуд.

Никол Пашинян, Владимир Путин ва Илҳом Алиев, коллаж

Кӯшишҳои дипломатӣ барои ҳалли низоъ натиҷаи кам дод ва дар ниҳоят дар поёни соли 2020 ҷанги дигаре сар зад, ки шаш ҳафта давом кард. Ин дафъа ин низоъро бо миёнравии Русия поён доданд ва натиҷааш ҳам ин шуд, ки Арманистон назоратро бар як қисми ин минтақаву ҳафт ноҳия аз даст дод.

Соли 2022 Бокуву Ереван сари мизи гуфтушунид нишастанд. Озарбойҷон гуфт, ҳадафаш даст ёфтан ба назорати пурраи давлатӣ ба тамоми қаламравҳои Қаробоғ аст ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ҳам инро пазируфт.

Дар ин байн раҳбарияти арманитабори минтақа бештар саркашӣ нишон дод ва бо ин амалаш музокиротро ба дарозо кашонд. Аз дасти миёнравҳои байнулмилалӣ ҳам кори зиёде наомад.

Чаро Озарбойҷон ҳамла кард?

Рӯзи 19-уми сентябр шурӯи ҳуҷуми васеъмиқёси нерӯҳои озарбойҷонӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ бисёриҳоро такон дод. Баъд аз як рӯзи нигарониҳо аз даргирии наве дар қаламрави собиқи Шӯравӣ, Боку расман эълон кард, ки мақомоти арманитабори ҳоким дар минтақа ба халъи силоҳ розӣ шуданд. Ҷонибҳо хатми билофосилаи мухолифатҳои низомиро эълон карданд.

Ҳуҷуми ногаҳонии Боку ба минтақа нияти Озарбойҷонро ба суръат бахшидан ба ҷараёни музокираҳо ба намоиш гузошт. Боку бо ин амалаш нишон дод, ки дар фикри маҳкумияти ҷомеаи байнулмилалӣ нест, чун қаробоғиҳоро шаҳрванди худ меҳисобад.

Як нуктаи муҳими дигар дар замони вуқӯи ин ҳамла аст, ки Боку онро зоҳиран хуб ба ҳисоб гирифта буд: кафили суннатии амниятии Арманистон – Русия вақтҳои охир бо амалҳои нахуствазир Никол Пашинян розӣ набуд.

Қаробоғи Кӯҳӣ

Омили Русия

Ба бовари таҳлилгарон, як ангезаи ҳуҷуми низомии Озарбойҷон ба Қаробоғи Кӯҳӣ якбора бад шудани муносибати Русия бо Арманистон гардид. Тирамоҳи соли 2020 ҳудудан ду ҳазор сарбози рус чун аъзои нерӯҳои ҳофизи сулҳ дар қаламрави зери назорати арманиҳои Қаробоғ ҷойгир шуданд.

Вақте низои охир сар зад, ин нерӯҳо ҳеч майле барои гирифтани пеши роҳи сарбозони озарӣ нишон надоданд. Худи Маскав ҳам, ки бо Арманистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) мебошад, ҳеч дахолат накард.

Ин замоне буд, ки аллакай бегонагӣ дар муносибатҳои Маскаву Ереван ба сатҳи болое расида буд ва Русия ҳам барои ин баҳонаҳои зиёде дошт:

  • Анна Ҳакобян, ҳамсари Никол Пашинян, барои тақдими ёриҳои башардӯстона ба Киев рафт;
  • Ереван гуфт, созиши узвиятро дар Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ имзо мекунад – ниҳоде, ки дастури боздошт ва таслими президенти Русияро додааст;
  • Арманистон намояндаашро аз СПАД фаро хонд.

Томасс де Ваал, таҳлилгари маъруфи масоили Қафқоз дар маркази Карнегии Аврупо, мегӯяд, арманиҳо бо ин амалашон “якбора се хати сурхи кашидаи Русияро гузаштанд”.

Шуҷоат Аҳмадзода, таҳлилгари Маркази Топчубашов дар Боку, мегӯяд: “Танҳо Русия қодир буд, ки ба Озарбойҷон дар ин масъала мушкил эҷод кунад, аммо бо назардошти аз ҳам дур шудани Арманистону Русия, зоҳиран, Озарбойҷон ҳам фурсатро муносиб донист”.

Арманистон, ки дар тамоми ин ҷараёнҳо мавқеаш суст шуда буд, дар ҷустуҷӯйи пуштибонии байнулмилалӣ шуд. Дар хоки ин кишвар нозирони аврупоӣ ҳастанд ва Арманистон харидори силоҳи Ҳинд аст ва ба таври доимӣ масъалаи низоъ дар Қаробоғи Кӯҳиро дар минбари Шӯрои амнияти СММ мебардорад. Ин навбат бозигарони байнулмилалӣ зиёд мадад накарданд ва Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо бо даъвати Боку ба хатми хушунатҳо иктифо намуданд.

Эдмон Марукян, як намояндаи ҳукумати Арманистон гуфт, “ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат изҳорот медиҳаду бас”. Ба бовари ӯ, “вақте ба ту ҳамла карданд ва дар талоши куштани ту ҳастанд, изҳорот ба дард намехӯрад”.

Мулоқоти намояндагони Озарбойҷон ва Қаробоғи Кӯҳӣ

Қадами баъдӣ

Ба бовари таҳлилгарон, ҳуҷуми ногаҳонии Озарбойҷон ба Қаробоғи Кӯҳӣ музокираҳои ду ҷонибро такон дод ва гуфтугӯи намояндагони онҳо рӯзи 20-уми сентябр дар шаҳри Евлох ба поён расид. Тафсилот дастрас нест. Пештар дар изҳороти раҳбарияти арманитабори Қаробоғ омодагӣ ба гуфтугӯ бо ҳадафи баррасии эҳтимолии “ҳамроҳшавӣ” ба Озарбойҷон ва риояи ҳуқуқи арманиҳо “мувофиқ ба Конститутсияи Озарбойҷон” ошкоро садо дод.

Ин шартҳоро арманиҳои Қаробоғ пештар комилан ғайри қобили қабул меномиданд ва ҳоло илоҷи дигаре ба ҷуз қабули шарти Боку надоранд. Як дипломат ва таърхшиноси арманӣ Герард Лебаридиан як ҳафта пеш аз ин ҳуҷум дар як мулоқоташ дар Донишгоҳи Амрико гуфт, мавқеи Арманистон торафт сусттар ва дар муқобил, мавқеи Алиев торафт қавитар мешавад.