Ӯ соли 2012 барои кору хондан ба Русия рафт ва соли 2016 Донишгоҳи ҳуқуқро дар Маскав ба поён расонд. Мегӯяд, ҳангоми донишҷӯйӣ ба дасти як маъмури пулис афтоду азият дид ва аз он вақт тасмим гирифт, ки ба пуштибонӣ аз муҳоҷирони корӣ пардозад.
"Барои харид ҳамроҳи дӯстам ба мағоза рафтем. Маъмури пулис маро дошт. Ҳуҷҷатҳоро нишон додам, вале ба шуъба бурд ва дар роҳ чанд сухани қабеҳ гуфт. Сарзаниш кард, дашном дод. Суханони ҳамон полис то ҳол дар ёди ман аст," -- ба ёд овард ӯ.
Теъдоди муваккилонаш бештар ва парвандаҳояш вазнинтар мешаванд. Дар поёни соли 2023 ӯ мегӯяд, ки тақрибан 170 парвандаро баранда шудааст. Аксари ин парвандаҳо ба иҷозаи кору қазияи ихроҷ рабт доранд.
Яке аз ин парвандаҳо аз шаҳрванди Қирғизистон Анорбой Муҳаммадазиз аст. Вайро 23-юми феврали 2023 дастгир ва дертар раҳо карданд. "Бовар кунед, вақте ба онҳо нигоҳ мекунед, аз хурсандӣ ашк дар чашмонашон ҷорӣ мешавад. Мефаҳмед, ки даркор ҳастед. Бароям рӯҳия мебахшад," – гуфт Муҳаммадҷон Собиров.
Мегӯяд, ба воситаи ин кор ҳам ба дармондагон мадад мекунад ва ҳам рӯзгорашро мечархонад.
Бештар бо парвандаи муҳоҷироне сарукор дорад, ки беасос боздошт шудаанд: "Аксаран "дело"-еро мегирам, ки барои раҳоии шаҳрвандон асос вуҷуд дорад. Вақте парванда дар Додгоҳи Маскав рад шуд, ба зинаи болоӣ менависам, то ба Суди олӣ. Ҳолатҳое мешавад, ки мо бо як парванда ду-се сол кор мекунем."
Ба ӯ бештар онҳое рӯ меоранд, ки ба надоштани патент (иҷозаи кор) ё адами сабтином муттаҳам мешаванд: "Онҳо ба миёнаравҳо муроҷиат мекунанд ва миёнаравҳо сабтином мекунанд, вале дар махзани маълумот намегузоранд. Мушкили аксарият ҳамин аст. Сипас, онҳоро бурда ихроҷ мекунанд."
Бисёр вақт телефонӣ ба муҳоҷирон машварат медиҳад. Акмал аз Тоҷикистон мегӯяд, аз ин тариқ бародарашро, ки "депортатсия" шуда буд, халос карданд. "5 сол аз ҳаққи даромадан ба Русия маҳрум буд. Баъд аз 8 рӯзи шикоят мурофиа баргузор шуд ва ӯро баровардем," – афзуд мусоҳиби мо.
Солҳои охир ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия душвор шудааст. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ ба далели фишору таъқиби афзоянда ин кишварро тарк карданд. Бархеи дигар дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Маскав аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.
"Дар Русия кор кардан осон нест. Аксар ҳолатҳое мешаванд, ки ба Суд (Додгоҳ)-ҳо меравем ва бо судя (додрас)-ҳо баҳс мекунем. Масалан, мегӯем, ки ҳамин шаҳрванди мо гуноҳ надорад ва ӯро ғайриқонунӣ берун мекунанд. Баъзе аз додрасҳо таҳдид мекунанд, ки даркор шавад, ҳозир худи шуморо аз Русия берун мекунем," – мегӯяд Муҳаммадҷон Собиров.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад