Дар қарор гуфта шудааст, ки аз 6 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шиносномаҳои маъмулии хориҷӣ ба Туркия сафар мекунанд, виза ё раводиди сафар ҳатмӣ мешавад. То ин қарор тоҷикистониҳо метавонистанд бе виза вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Туркия аз ин тасмими худ Душанберо пешакӣ бо каналҳои дипломатӣ огоҳ накардааст.
Масъулони вазорат рӯзи 6-уми апрел гуфтанд: "Мувофиқи таҷрибаи байнулмилалӣ ҷониби Туркия мебоист, ки аз қабл расман дар бораи аз кадом рӯз ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо хабар медод. Мутаассифона, чунин маълумотро то ҳол дастрас накардаем."
Аз ин ин рӯ, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста шудааст, ки "барои омода кардани ҳуҷҷатҳои худ чораҷӯӣ намоянд ва хуб мешавад, агар барои анҷоми сафар кишвари дигарро ҳамчун макони транзитӣ интихоб намоянд."
Вазорат гуфт, Тоҷикистон "анъанаи муомила ба мислро корбарӣ мекунад ва ин масъала айни ҳол дар баррасӣ қарор дорад."
Туркия дар шарҳи сабабҳои ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон чизе нагуфтааст, вале аксар расонаҳои русӣ, ки ин тасмимро ба ҳодисаҳои ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” дар Русия ва як калисои масеҳӣ дар Истанбул пайванд додаанд, ки дар миёни гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд.
Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки мутобиқ бо қоидаҳои дипломатияи байналмилалӣ, Тоҷикистон ҳам дар ҷавоб ба ин иқдоми Туркия барои шаҳрвандони он низоми виза ҷорӣ хоҳад кард.
Хабари ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандон ва ширкатҳои туристӣ ҳам ногаҳонӣ буд.
Аз Тоҷикистон ба Туркия ҳафтае шаш бор тавассути ширкатҳои Turkish Airlines ва “Сомон Эйр” парвозҳо ба Истамбул сурат мегирад ва ин хатсайр инчунин барои парвозҳои транзитии байналмилалӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷорӣ шудани виза субҳи шанбе, 6 апрел ба як мавзӯи дигари мавриди баррасиҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд. Аксар шореҳони ин мавзӯъ аз Тоҷикистон аз хабар нороҳат шудаанд ва инро як пайомади нохушоянд меноманд. Анкара қаблан гуфт, ки дастикам ду гумонбари ҳамлаи “Крокус” баъди сафари кӯтоҳмуддате ба Туркия аз Истамбул ба Маскав парвоз карда буд.
Туркия ва Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд. Ин кишвар барои соҳибкорон ва корҷӯён аз Тоҷикистон масири муҳим ба ҳисоб меравад ва соли 2022, ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷии миёни ду кишвар 351,2 миллион доллари Амрикоро ташкил додааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Корбарон: "Номи тоҷик дар бало монд"?Расонаҳои Ғарб дар бораи ҳамла ба "Крокус" ва тоҷикон чӣ мегӯянд?"Аз Внуково пас гардонданд." Нақли муҳоҷирони рондашудаи тоҷик аз Русия