Ӯ, ки рӯзи 28-уми июн дар як ҷаласаи Ҳамоиши байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон дар Санкт-Петербург сӯҳбат мекард, гуфт, агар дар Русия ҳукми қатл барои ҷиноятҳои сангини мисли кушторҳои ҷамъӣ барқарор шавад, ӯ аз ин иқдом истиқбол мекунад.
Ба навиштаи Радио Свобода, ба ҳайси намуна ӯ аз ҳамлаи террористии 22 март ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав ёдовар шуд, ки дар он 144 нафар куштаву 1700 нафар ҷабрдида эътироф шудаанд. Аз миёни 20 боздоштшуда бо гумони содир кардани ин ҳамла аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва бино ба арзёбии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, эътирофи гуноҳи онҳо таҳти шиканҷаҳои бераҳмонаву намоишкорона ба даст омадааст ва ба ҳангоми боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо қонунҳо, аз ҷумла, ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо дағалона вайрон шудааст.
Бастрикин, ки интиқод аз нақзи ҳуқуқи боздоштшудаҳоро нодида гирифтааст, рӯзи ҷумъа гуфт:
«Онҳо ҳадди аксар ҳукми зиндони абад мегиранд. Ин чӣ маъно дорад? Се вақт хӯрок ва гаштугузори дусоата дар рӯз. Ман ба худ имкони гаштугузори дусоата дар рӯз дода наметавонам, чун вақт надорам. Ташхиси тиббӣ, аз ҷумла духтури дандон. Шумо медонед, ки давоми як сол барои нигаҳдории як зиндонӣ чанд пул сарф мешавад? 30 ҳазор рубл дар сол. Инро ба ҳамаашон зарб занед – пули хеле калони буҷа мебарояд», гуфт Бастрикин.
Ин изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки раҳбари додгоҳи конститутсионии Русия Валерий Зоркин гуфт, ин додгоҳ бар асоси контитутсияи амалкунанда бозгардони ҳукми қатлро иҷоза намедиҳад. Раиси Додгоҳи олӣ Ирина Подносова ҳам аз ин пеш гуфтааст, ки бозгардони ҳукми қатл тағйири конститутсияро талаб мекунад, вале, ба гуфтааш, қонунгузорон чунин имконият доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бастрикин гуфт, Русия муҳоҷиронро ба ҷанг мефиристад, "то кам шаванд""Шиносномаву телефонро мегиранд, соатҳо месанҷанд." Мушкили тоҷикон дар марзи РусияДархости ду гумонзади дигари ҳамла ба “Крокус” рад шудаастДодгоҳи Маскав шикояти Муҳаммадсобир Файзовро рад кардНопадидшавии мармуз дар шаби ҳамла ба "Крокус". Манучеҳр куҷо шуд?