Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки ин мавзуъ дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон низ баррасӣ шуд ва китобе ҳам дар ҳоли нашр шудан аст: “Либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, ҳамаи мо медонем, ки дар Аврупо чӣ гуна либос аст, дар Ғарб чӣ гуна аст, дар Шарқ чӣ гуна аст. Аммо либоси миллии мо, ки аз қадимулайём маълум аст, намунаҳояш дар китоб пешниҳод шудааст, яъне тарзи тоҷикӣ пӯшидан, либосҳое, ки хоси мардуми тоҷик аст, муқаррар шудааст”.
Манзури муовини вазир китобест, ки акнун бо назардошти дигаргуниҳои ахир дар либосҳои миллии тоҷикӣ бознашр мешавад.
“Ҳоло ҳамин китоб бо назрдошти тағйирот дар қонун, омодаи чоп аст ва нусхаи аввалинаш ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид ва комиссияи муштараке, ки аз вазорату идораҳои дахлдор шомили он буданд, қабул карданд. Аммо дар мавриди либосҳои мардона ин чиз муқаррар аст, ки дар тамоми дунё, муассисаҳои давлатӣ ва вазорату идораҳо шиму костюм муқаррар шудааст, чизи байналмилалӣ аст. Китоб омодаи нашр аст ва ба ҳама ҷо дастрас мегардад, ки либоси вазифавии хидматчиёни давлатӣ бояд чӣ гуна бошад, либоси коргарони одӣ, яъне намунаҳо пешниҳод шудаааст”, - гуфт Давлат Сафар.
Бар пояи намунаҳои пешниҳодӣ оғози моҳи август ҷашнвораи либосҳои миллӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо хеле ҷиддӣ гирифтааст ва мехоҳад, ҳамчунин либоси сайру гашт, либоси истироҳатӣ, либоси чорбиниҳои фарҳангиро низ муайян ва муқаррар кунад.
Хуршед Низомӣ, сардори раёсати муассисаҳои фарҳангӣ вазорат ва таҳиягари ин китоб мегӯяд, "дар дастурамал либосҳо барои хидматчиёни давлатӣ, барои сайру гашт, барои чорабиниҳои фарҳангӣ, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо назардошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллии мо хос, либосҳои тавсиявӣ пешниҳод мегардад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз шаҳрвандон ва ҳомиёни ҳуқуқ ин тағйирот дар қонунро дахолати давлат ба умури шахсӣ ва бовару эътиқоди мардум дониста, интиқод карданд. Аммо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз маҳдудиятҳои воридшуда пуштибонӣ кард ва гуфт, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон ва баъзе санадҳои байналмилалие, ки мо онҳоро қабул накардем, мегӯянд, ки ин ё он ҳолат, ҳатто мавриди пайравӣ ба дин, озодии виҷдон маҳдуд карда шавад.
"Дар қонуни танзими ҷашну маросимҳо масъалаи маҳдудияти пӯшидани либосҳо манъи бевосита нест. Агар шумо аҳамият дода бошед, хондан мумкин аст, либосҳои албатта рукнҳои фарҳанги миллиро риоя кунанд, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ мегӯяд, албатта дар назар дошта мешавад, манъ шудагӣ нест. Либосе, ки сатрро дар назар дошта бошад, ман дар ин ҷо намебинам. Пӯшидан, албатта тарзи ҳамонро дар назар дошта, шояд рӯсариро дар назар дошта бошад, ки ман ҳам ҳамин чизро эътироф намекунам, фақат чашмаш метобад, ҳамон занро тамом”, - гуфт Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 22-уми июн.
Ҳарчанд баҳси либоси миллӣ ва либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ин авохир дар Тоҷикистон нигарониҳоро ба бор овардааст, аммо тарроҳон мегӯяд, ҳар либос бар асоси шинамӣ ва роҳат будани он интихоб мешавад.
Хуршед Сатторов, тарроҳи либосҳои миллӣ бар ин аст, ки албатта ҳар халқу милату одамонро аз рӯйи таърих, либос ва забонашон мешиносанд.
Ба гуфтаи Хуршед Сатторов, "либоси миллии тоҷикӣ, агар 100-200 сол пешро бигирем ҳамун либосҳои кушоди куртаву эзори бо матоъҳои пахтагин, матоъҳои атласу шоҳӣ ва гулдӯзиҳои чакан буд. Бо мурури ҷаҳонишавию ва пешрафт дар тамоми кишварҳои дунё, чи тавре мебинед, либосҳои қадимаи худро аз хотир баровардану рӯ овардан ба як либоси шинамтару роҳаттар. Ин ба он хотир аст, ки ҳар боре либос иваз мешавад бояд шинамтар бошад, то ки мардум қабул кунад".
Баҳси либоси миллӣ ва либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар Тоҷикистон дар солҳои ахир хеле доғ шудааст. Мақомот мегӯянд, бо ҳадафи тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешгирии мардум аз ифротишавӣ тарҳҳои миллиро пешниҳод мекунанд. Бархе рӯҳониён мегӯянд, ки манзур аз либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, тарзи либоспӯшии занонест, ки бар асоси эътиқодоти динӣ ба бар мекунанд.
Ҳарчанд аввали имсол як мансабдори давлатӣ гуфт, ки ҳукумат дар ин масъала шикаст хӯрд, пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар Русия, ки зодагони Тоҷикистон гумонбари он дониста мешаванд, дар Тоҷикистон масъалаи либоси бегона аз нав доғ гашт. Бо пешниҳоди президент Раҳмон дар қонуни нави танзим иловае пайдо шуд, ки пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро манъ мекунад.