Дар Русия даромади курйерҳо боло рафтааст

Соли 2024 даромади курйер ё борбарҳо дар Русия назар ба мутахассисони компютерӣ, табибон ва духтурон баландтар шудааст.

Дар ин бора 6 декабр сомонаи РБК хабар додааст. Аз моҳи январ даромади курйерҳо ба ҳисоби миёнаи як корхона дар Русия 15 дарсад зиёд шуда аз марзи 115 ҳазор рубл дар моҳ гузаштааст.

Ин пул аз маоши таҳлилгарони иттилоотӣ як каме зиёд бошад, аз маоши духтуру муаллимону журналистон қариб 2,5 баробар бештар будааст.

Сабаби инро бо якбора кам шудани шумори коргарони курйер рабт медиҳанд. Пешниҳоди кор ба курйерҳое, ки пиёда фармоишро иҷро мекунанд, қариб ду баробар зиёд шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Агар вазъ бад шавад…" Ташвиши муҳоҷирон аз тасмими нав дар РусияХориҷиҳоро аз Русия на дар 90 рӯз, балки дар 48 соат пеш мекунандШумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Санкт-Петербург 60% кам шудааст