Дар Гурҷистон 23 эътирозгар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд

Дар Гурҷистон зидди 23 ширкатдори намоишҳои эътирозие, ки  бо манъи ҷараёни ҳамгироӣ бо Аврупо розӣ нестанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора ВКД Гурҷистон хабар додааст. Нисбати 13 нафар аз рӯи иттиҳоми ташкили хушунати гурӯҳӣ ваё иштирок дар он ва авбошӣ парванда боз шудааст.

Як нафарро дар ташкили таркиш гумонзад кардаанд. Исми гумонбаршудаҳо маълум нест, вале аз пеш маълум аст, ки дар миёни онҳо хориҷиҳо ҳам мебошанд.

Ба ҳамаи онҳо то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Дигар гумонбарон барои вайрон кардани моликияти давлатӣ ва ҳамла ба ходимони полис ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Рӯзи 5 декабр ҳам эътирозҳо идома кард:

Дар Тифлис, Батуми ва дигар шаҳрҳои Гурҷистон ҳашт шабонарӯзи ахир намоишҳои эътирозӣ ҷараён доранд.

Полис зидди эътирозгарон бо шеваи бераҳмона рафтор карда, дар маҷмӯъ рӯзи 4 декабр беш аз 300 нафарро боздошт кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хост, бо норозиён бадрафторӣ накунадНақлҳои дилхароши эътирозгарони гурҷӣ аз бераҳмии пулисРаҳоии Бека Берадзе, корманди бахши гурҷии Радиои ОзодӣЭътирозгарон дар Тбилиси пароканда шуданд, вале вазъ буҳронӣ мемонад