Ҷӯрабек Муродов: "Рубобро аз замони Рӯдакӣ мешиносанд"

Ҷӯрабек Муродов. Акс аз бойгонӣ

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии СССР аз хабари ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид шудани асбоби рубоб, тарзи сохтану иҷрои он истиқбол кард.

Бо як қарори идораи илму фарҳанги СММ - ЮНЕСКО аз 4 декабр, иди Меҳргон ва рубоб ба мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шомил карда шуданд.

Ҷӯрабек Муродов рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шахсан худаш ва ҳам бисёр устодони ҳунар дар Тоҷикистон, мисли Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов ба арсаи ҳунар маҳз аз омӯзиши ҳунари рубобнавозӣ ворид шудаанд. Ӯ гуфт, ин асбоби мусиқиро ҳанӯз дар замони Рӯдакӣ мешинохтанду дар давраи Мавлоно маъруфияти бештаре касб карда буд.

Ансамбли духтарони дуторнавози тоҷик, ки дар давраи шӯравӣ таъсис ёфта буд, ба гуфтаи Ҷӯрабек Муродов “як мӯъҷиза буд”, вале ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки анъанаи истифода аз асбобҳои мусиқии суннатии тоҷикӣ дар давраи имрӯз чандон роиҷ нест. “Ҷавонҳои боистеъдод зиёданд, ки корҳои фавқулодда анҷом медиҳанд, бо оркестр эҷод мекунанд, вале афсӯс, анъанаи омӯзиши асбобҳои мусиқии миллии мисли рубоб гӯё дигар роиҷ нест”, мегӯяд овозхони маъруфи тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, рубоб як асбоби ҷаҳонӣ ҳам ҳаст, чун дар кишварҳои дигари ҷаҳони шарқ – аз Осиёи Марказӣ то Қафқозу Ховари Миёна ҳам фаровон истифода мешавад ва ҳамин вижагиаш мавриди ҳамагонӣ шудани он мегардад. Рубоб асбоби торӣ буда, аз чӯби дарахт ва пӯст сохта мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шавқмамад Пӯлодов: "Рубоб не, раббоб"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Меҳргон" ва рубоб дар феҳристи мероси фарҳангӣБаҳодур Неъмат: “Шаб ба хайр” 50-сола мешавадОвозхони маъруф Душанбе Паллаев даргузаштШавқмамад Пӯлодов: "Раббоб" аз "Раб" ва "боб" аст. ВИДЕОБонуи “Ошиқи тор”, бонуи “Сухан” гардид