Дар як гузорише, ки 5 декабр дар саҳифаи Дафтари рушди СММ нашр шуда ба аҳамияти таълими ҳуқуқии занон дар Тоҷикистон тамаркуз кардааст, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон танҳо 31 дарсади духтарҳои хатмкардаи мактабҳои миёна ба донишгоҳ дохил мешаванд. Аз миёни онҳо, фақат 13 дарсадашон мактаби олиро хатм мекунанд.
“Меъёрҳои иҷтимоиву интизорот дар оила, ба вижа дар минтақаҳои рустоӣ, бисёр духтарҳоро маҷбур мекунанд, ки на таҳсилу омӯзиш, балки зиндагии оилавиро бартар арзёбӣ кунанд”.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки таҳрири нав ба қонун дар бораи маориф таҳсил дар синфҳои болоиро ҳатмӣ кардааст. Аз шогирдони мактаб талаб мешавад, ки агар аз хатми мактаби миёна сарфи назар карданд, ҳатман таҳсилро дар коллеҷ ё омӯзишгоҳе идома диҳанд.
“Ин тағйирот, - ба навиштаи СММ, - на фақат барои рушди инфиродии занҳо, балки барои бунёди ҷомеаи баробарҳуқуқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад”. Гузориш мегӯяд, занҳои зиёде дар Тоҷикистон ҳуқуқи худро намедонанд ва дар сурати рӯй додани хушунати хонаводагӣ ҳатто баррасии ин мавзӯъро ҳам дуруст намешуморанд.
“Дар Тоҷикистон қонунҳои ҳимояткунанда вуҷуд доранд, - омадааст дар ин гузориш, - вале пеши роҳи иҷрои онҳоро анъанаву суннатҳо мегиранд”. Як роҳҳали ин масъала, ба қавли муаллифони гузориш, афзоиши шумори занҳои ҳуқуқшинос ва фаъолияти бештари онҳо дар самти таъмини баробарҳуқуқии занон шуда метавонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Толибон бо занон дар Афғонистон чӣ карданд?"Тарс, хашм, хатар." Чаро дар Тоҷикистон кӯдаконро мезананд?"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд" ВИДЕО"Занҳо мегӯянд, хайр чӣ шудааст? Мо ҳам сабр кардем." ВИДЕО"Зиндагии ман баъди издивоҷ поён ёфт." Чаро зулм ба занон кам нашуд?