Беқурбшавии торафти қурби рубли русӣ

Беқурбшавии назарраси рубли русӣ дар ҳафтаҳои ахир ба кисаи мардуми зиёд, аз ҷумла бознишастагони Русия ва ҳам вазни даромади муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар зарба мезанад.

Ин ҳодиса баъди эълони таҳрими иловагии Амрико дар муқобили чанд бонки Русия амиқтар гашта, ҳушдори дигаре ба иқтисоди Русияи дар ҳоли ҷанги он дар Украина шудааст. Бо назардошти ин, созмонҳои байналмилалии молӣ пешбинӣ мекунанд, ки эҳтимол дар соли оянда рушди иқтисоди Русия ба қадри кофӣ заифтар шавад.

Барои бознишастагони Русия, ки нафақаашон аз 200 доллар камтар мебошад, харидани маҳсулоти ниёзи аввал ба монанди тухму картошка ё маска ҳеҷ гоҳ осон набуд, вале беқурбшавии босуръати рубли русӣ дар ҳафтаҳои ахир нигарониҳои онҳоро ба маротиб бештар кард.


Елена, як сокини Маскав мегӯяд: "Ҳама чиз, бахусус маска, мева ва сабзавот гарон шудааст. Картошкаву карам ҳам хеле гарон аст. Ин маводи зарурӣ аст. Вале имрӯз бодиринг арзон буд. Килояш 45 рубл. Нархи 800 грамм марҷумак бошад, 32 рубл шудааст".

Гаронӣ дар шаҳрҳои дигар ҳам эҳсос мешавад. Сергей Попов, сокини шаҳри Волгогради Русия мегӯяд: "Албатта, ба ҳама чиз таваҷҷуҳ мекунем. Ҳар субҳ бояд маска хӯрем. Бинед, чӣ мехарем? Шир, панир, ҳасиб ва тухм. Мебинед, ки 1500 рубл рафт. Ин хеле гарон аст. Ва сабабаш ҳам маълум нест."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беқурбшавии рубли русӣ ҳаёти бознишастаҳо ва заҳмати муҳоҷиронро беасар мекунад

Виктория, як сокини дигари Маскав болоравии нархҳоро ҳисоб карда мегӯяд: "Нархи ҳама чиз ва, аз ҷумла, тухму маска тахминан 50 дарсад боло рафтааст. Аслан, ҳама чиз гарон шудааст".

Тақрибан се сол пеш, вақте артиши Кремл ба хоки Украина таҷовуз намуд ва Русия бо таҳримҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шуд, бисёриҳо интизор доштанд, ки иқтисоди он ба фишор тоб намеорад, вале тахминҳо хато баромаданд. Сармоягузориҳои саршори ҳукумати Русия ба иқтисод боиси рушди он шуд. Сандуқи байналмилалии пул пешбинӣ мекунад, ки имсол тавлиди нохолиси миллии Русия ба 3,6 %баробар хоҳад буд.

Аммо мушкили дигаре, ки дар ин раванд зуҳур намудааст, таваррум мебошад. Моҳи сентябр як доллари Амрико 85 рубли русӣ буд. Панҷуми декабр як доллари Амрико то 103 рубл ва як евро ба 113 рубли русӣ баробар шуда буд.

Бонки миллии Русия тасдиқ мекунад, ки таҳрими ахир ба қурби рубл таъсири манфӣ гузошт, вале ин идора тасмим дорад аз ҳисоби баланд бурдани мизони бозбидеҳии бонкҳо, ки ҳоло беш аз 20 дарсад буда, то охири сол боз баландтар хоҳад шуд, рублро дар муқобили асъори хориҷӣ устувор кунад.

Филлипп Габуния, муовини раиси Бонки марказии Русия мегӯяд: "Тобистон бозори асъори Русия бо таҳрим мувоҷеҳ шуд. Ҳафтаи гузашта ИМА дар муқобили 52 бонки дигари Русия ва, аз ҷумла, "Газпромбанк" таҳрим эълон кард. Ҳаводиси ҳафтаи гузашта боиси ноустувор шудани бозори табодули асъор шуд".

Беқурбшавии рубли русиро одатан дар навбати аввал муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо ҳис мекунанд. Вале Сандуқи байналмилалии пул ҳам бо ишора ба мизони баланди таваррум ба болоравии назарраси хароҷоти низомии Русия, ки соли оянда ба таври рекордӣ 30 дар сад афзуда ба 145 миллиард доллар мерасад, пешбинӣ мекунад, ки рушди иқтисоди Русия хеле заифтар хоҳад шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Русия даромади курйерҳо боло рафтаастПешниҳоди таъсиси Бунёди кумак ба муҳоҷирон. Суду зиёнаш чист?Путин қонуни буҷаро имзо кард. Харҷи ҳарбӣ афзудааст, молиёт ҳамБеқурбшави рубли русӣ дар баробари сомонӣ идома дорад"Зарар дидем." Нороҳатии баъзе аз тоҷикон аз поинравии қурби рубл