Манъи беш аз 80 навъи кор ба муҳоҷирон дар Твер

Деҳае дар вилояти Твери Русия. Акс аз бойгонӣ

Аз соли нави 2025 Дар вилояти Твери Русия муҳоҷиронро аз ҳақи кор дар 82 соҳа маҳрум хоҳанд кард.

Ин маҳдудиятҳо, аз ҷумла ба бахшҳои марбут ба воситаҳои нақлиёту маориф, тандурустӣ, савдои чаканаву яклухт, хадамоти иҷтимоиву маъмурӣ ва хоҷагии ҷангал дахл дорад.

Раиси вилоят гуфтааст, ин ташаббус ба хотири бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳврандони Русия гирифта шудааст.

Зимнан, ба Думаи давлатӣ тарҳи қонуне ворид гардид, ки тибқи он корфармоён муваззаф мешаванд, аввал шаҳрвандони Русия ва танҳо баъди он муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд.

Яке аз ташаббускорони лоиҳаи қонун - раиси ҳизби либерал-демократитӣ Леонид Слутский исрор меварзад, ки бо сабаби муҳоҷирон ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Русия бекор ҳастанду аз маоши муносиб маҳрум шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пешниҳоди таъсиси Бунёди кумак ба муҳоҷирон. Суду зиёнаш чист?"Маҷбуранд, Русияро тарк кунанд ё ҳуҷҷати қалбакӣ гиранд"Муроҷиати як ҷавони асирафтода дар Украина ба Эмомалӣ Раҳмон