Аз як боздоштгоҳи Русия 11 муҳоҷирро ба Тоҷикистон мефиристанд

Акс аз mfa.tj

Мақомоти ВКХ Тоҷикистон мегӯянд, дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД  Русия дар шаҳри Егорйевски вилояти Маскав 98 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Маълум нест ин нафарон бо чӣ сабаб дар ин муассиса нигаҳ дошта мешаванд, вале ба иттилои мақомот, дар мулоқот бо онҳо рӯзи 5 декабр кормандони Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон масъалаи бо чиптаи бозгашт ба ватан таъмин кардани 11 нафари онҳоро ҳал кардаанд. Илова ба ин, ба шаҳрвандони Тоҷикистон хӯроку об ва дигар кӯмакҳои ниёзи аввал ироа карда шудааст.

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки бо шаҳрвандони боздоштшуда оид ба дигаргуниҳо дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ҳам сӯҳбате анҷом шудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки Русия баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” қонунҳои муҳоҷираташро ба шиддат маҳдуд ва сахттар кард ва ҳазорҳо муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониҳоро боздошту истирдод намуд. Ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамарӯза расонаӣ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рейди милиса ва миллатгароҳои рус алайҳи муҳоҷирон дар СургутРамазон Қодиров ду мансабдори русро ба муҳоҷирситезӣ муттаҳам кардЧаро аҳволи муҳоҷирони корӣ бадтар мешавад?Нархи санҷиши вуруд ба Русия дар Душанбе арзон шудПешниҳоди таъсиси Бунёди кумак ба муҳоҷирон. Суду зиёнаш чист?