Аз 2950 рубл боло. Таъини нархи ягонаи имтиҳон барои муҳоҷирон дар Русия

Акс аз соли 2017

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки бар асоси он барои гирифтани шаҳрвандии Русия нархи ягонаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху асосҳои давлатдории Федератсияи Русия таъин мешавад.

Хосторони гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русия бояд барои ҳар як имтиҳон 2950 рубл – ҷамъ 5900 рубл супоранд.

Нархи имтиҳонҳо барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия 5900 рубл ва иҷозатномаи кор 3800 рубл таъин шудааст.

Қарори дигаре, ки Мишустин рӯзи 6 декабр имзо кард, дар бораи идораҳои давлатии масъули гирифтани имтиҳон аз хориҷиҳо мебошад. Рӯйхати чунин идораҳоро вазорати илм дар ҳамоҳангӣ бо ВКД ва Рособрнадзор таҳия мекунанд ва кормандони ин идораҳо бояд мутахассиси соҳаҳои филология, лингвистика ё забоншиносӣ ва ҳуқуқ бошанд.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” марти соли ҷорӣ, дар Русия бозбинӣ ва тағйири бисёр қонунҳои вобаста ба муҳоҷирон ва коргарони хориҷӣ шурӯъ шуд, ки хусусияти маҳдудкунанда, табъйизомез ва ҳам поймолкунии ҳуқуқи инсонро дорад. Бисёр муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ки одат доранд Русияро макони асосии кору даромади худ ва оилаҳояшон арзёбӣ кунанд, гирифтани шаҳрвандии ин кишварро амри муҳим барои будубоши осону қонунӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дума маҳдудиятро барои фарзандони муҳоҷирон баррасӣ мекунадДар Русия барои имтиҳони муҳоҷирон нархи ягона ҷорӣ мекунандҲушдори як ниҳоди Русия дар бораи имтиҳонгирии муҳоҷирон