Шӯришиён дар Сурия оромгоҳи падари Башор Асадро оташ заданд

Лозақия, 11-уми декабри 2024

Оромгоҳи Ҳофиз Асад, раисҷумҳури пешини Сурия ва падари Башор Асад, дар зодгоҳаш, шаҳри Қардоҳа, ба оташ кашида шуд. Ҳофиз Асад аз соли 1971 то 2000 президенти Сурия буд. Сипас писараш Башор Асад ба қудрат расид. Ҳукумати ӯ рӯзи 8-уми декабри 2024 сарнагун шуд.

Тибқи наворҳое, ки хабаргузории "Франс-Пресс" рӯзи 11-уми декабр нашр кард, гурӯҳе аз шӯришиёни мусаллаҳ бо либосҳои низомӣ ва шуморе аз ҷавонон дар ҳоли тамошои сӯхтани оромгоҳ ҳастанд.

Бар пояи ин наворҳо, бахшҳое аз мақбараи вайроншуда дар оташ дида мешавад. Шӯришиёни мусаллаҳ ҳамчунин бар рӯйи қабри сӯхтаи Ҳофиз Асад акси ёдгорӣ гирифтаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, ки вазъияти ҷанг дар ин кишварро пайгирӣ мекунад, ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, шуришиёни мусаллаҳ оромгоҳро дар вилояти Лозиқия ба оташ кашиданд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳофиз Асад аз соли 1971 то соли 2000, ба муддати 29 сол, то замони маргаш дар Сурия ҳукумат кард.

Пас аз он писараш Башор Асад ба сари қудрат омад ва 24 сол бо панҷаи оҳанин ин кишварро идора кард.

Дар муноқишаи дохилии Сурия, ки соли 2011 оғоз шуд, беш аз 500 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 8 миллион нафар бехонаву ҷо ва паноҳанда шуданд.

Башор Асад рӯзи 8-уми декабри имсол бо ворид шудани мухолифон ба Димишқ, аз Сурия фирор кард. Шӯришиёни Сурия аз чанд гурӯҳ иборат мебошанд, ки муҳимтарини онҳо "Ҳайати Таҳрир Аш-Шом" аст. Амрико ва чанде аз кишварҳои дигар "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро созмони террористӣ медонанд.

Мақомоти Русия эълон карданд, ки Башор Асад ҳоло дар Маскав қарор дорад ва Владимир Путин ба ӯ паноҳандагӣ додааст.