Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 16-уми декабр ва як рӯз пас аз куштори аъзои ду хонавода, ба шаҳри Конибодом рафта, бо фаъолони ин шаҳр вохӯрдааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар хабарномае навиштааст, "давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст".
Ба иттилои манбаъ, барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо, "беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада", барои "дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон", талош доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, раванди тафтишот зери назорати "роҳбарияти давлат қарор дошта", шаҳрвандон набояд ба таҳлука афтанд. Аҳмадзода аз сокинони Конибодом дархост кардааст, ки бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо камераҳои назоратӣ гузошта мешавад.
Вале дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд дар бораи шумораи қурбониёни кушторҳои ахир дар Конибодом ва инки чаро гунаҳкорон пайдо нашудаанд, чизе нагуфтааст.
Ба ҳисоби Радиои Озодӣ, баъд аз моҳи марти имсол куштори аъзои 7 хонавода расонаӣ шуд.
Ҳодисаи ахир шаби 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом рух дод ва чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила буданд. Пеш аз ин, санаи 8-уми декабр шаш узви як хонавода ҳам дар шароити норӯшан ба ҳалокат расиданд.
Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ки ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ва ё ваҳшатангезӣ.
Додгоҳҳои Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар ин кушторҳо маҳкум кардаанд. Яке аз онҳо ба ҳабси абад ва дуввумӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, аммо пайвандонашон онҳоро бегуноҳ мегӯянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар шаҳри Конибодом боз чор касро куштаанд20 сол зиндон. Ҳукми сокини дигари Конибодом бо гуноҳи куштани ду касБарои қатли ду оила дар Конибодом як нафар ба ҳабси абад маҳкум шудҶасади шаш узви як оиларо дар Конибодом дафн кардандМарги фоҷиабори Наимҷон Неъматов ва зану чор фарзандаш. ВКД – хомӯш, мардум – нигарон"Ҷасадҳоро ба ташхис бурданд." Марги мармузи 6 узви як оила дар Конибодом