Абдулқайюми Қайюмзод
Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ва ташкили нишасти хабарӣ аз таъсиси ҷиноҳи наве номи "Ватан" дар дохили ин ҳизб хабар доданд.Ҳизби демократ дуввумин созмони сиёсӣ баъд аз Ҳизби коммунист дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аст,ки тӯли фаъолияти худ борҳо ба бӯҳронҳои мушобеҳи дохилӣ рӯбарӯ шудааст.
Қаблан низ вобаста ба вазъи сиёсии кишвар ин ҳизб ба гурӯҳҳо тақсим мешуд. Вале ин бор оё ҳадафи гурӯҳи ҷонибдорони ҷиноҳи "Ватан" чист? Оё дар арафаи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъсиси ҷиноҳ ба манзури эҷоди шикоф миёни демократҳо ҳаст? Ин ҳам дар ҳоле,ки раиси ин ҳизб - Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз сӯи Додгоҳи Олӣ барои 23 сол равонаи зиндон шудааст. Ва ё дар воқеъ ҷиноҳи тозатаъсис мехоҳад, фаъолияти ин ҳизбро тақвият бахшад?
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Масъуд Собиров - раҳбари ҷиноҳи Ватан ва Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби Демократро ҳозир шуданд ба суолҳои Радиои Озодӣ посух гӯянд. Нахустин аз Масъуд Собиров пурсида шуд, ки ҳадафи худ ва ҳамроҳонашро аз таъсиси ҷиноҳи Ватан шарҳ бидиҳад.
Ин хати сабзро панҷа занед ва гуфтугӯи рӯ ба рӯи онҳоро бишнавед.