Ё. Салимов чаро ба зиндон интиқол намешавад?

Пайвандони Ёқуб Салимов изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо гузашти беш аз дувуним сол аз содир шудани ҳукм ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва он ҳам дар шароите, ки хеле тоқатфарсо ҳастанд.
Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов қазияи нигаҳдории собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимовро марбут ба салоҳиятҳои вазорати адлия кишвар арзёбӣ кард. Ӯ, бидуни овардани исми мушаххас, қазияро ин гуна шарҳ дод: «Мо ҳам мехоҳем, ки мардум тинҷу осуда бошад. Дар маҳбас ҳамон нафароне менишинанд, ки даст ба ҷиноят, табаддулот, одамкушӣ задаанд. Аммо ҳамаи онҳоро дар як ҷо ҷамъ карда, бо митингу ошӯбҳо мувоҷеҳ шудан хуб нест. Вазорати адлия ҳаст ва як раёсат дорад, ки бо ин қазия сарукор дорад. Мебинанд, ки ягон тавтиъа шояд мешавад, бидуни бекор кардани режими аз тарафи додгоҳ муайяншуда онҳоро аз як маҳбас ба маҳбаси дигар мекӯчонад. Аммо аз Ёқуб Салимов мо ягон арзу шикоят нагирифтаем».
Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон ва аз қумондонони саршиноси Фронти Халқӣ, ки дар сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалии Раҳмон нақши умда дошт, соли 1997 ба далели ҳамдастӣ дар шӯриши мусаллаҳонаи таҳти раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуда, аз Тоҷикистон фирор кард. Соли 2003 ӯ дар Маскав аз сӯи мақомоти амниятии Русия боздошт ва бо тақозои мақомоти Тоҷикистон соли 2004 ба Душанбе таслим карда шуд.
Ё. Салимов моҳи апрели соли 2005 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми хиёнат ба ватан, ҳифзу қоҷоқи силоҳ ва суистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо бо гузашти 5 сол аз боздошт ва 2,5 сол аз баромадани ҳукмаш ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Аминҷон Салимов, бародари бузурги Ёқуб Салимов дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, чандин маротиба ба мақомоти зидахли кишвар дар мавриди нақзи ҳуқуқи бародараш нома навишта, аммо аз ҳеҷ кадоме аз онҳо посух нагирифтааст. Вай афзуд, пайвандонаш танҳо мехоҳанд, ки Ёқуб Салимов ба маҳбас интиқол ёбад ва онҳо тавонанд ӯро аёдат кунанд.
Оқои Салимов афзуд, вазъи сиҳҳати бародараш низ онҳоро нигарон кардааст: «Бародарамро пеш аз Иди Қурбон моҳи декабр охирин бор дида будам. Ба мо иҷозат доданд, ки ӯро дар 3 моҳ як бор аёдат кунем. Ва мутаассифона, дафъаи ахир зиёда аз 5 моҳ гузашт баъд мо ба аёдат даромадем. Вазъи саломатиаш хуб нест. Ба ҳама маълум аст, ки дар солҳои ҷанги бародаркуш ӯ захмӣ шуда буд ва то ҳанӯз дар баданаш оҳанпораҳо ҳастанд».
Дар ҳоле ки Б. Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯи қазияи таъхири интиқоли Ёқуб Салимов ба маҳбас ба эҳтимоли сар задани ошӯбҳо ва тавтиъаҳо ишора мекунад, коршиносон мегӯянд, ки далели таъхир ба нигарониҳои мақомот марбут аст. Раҳматуллоҳ Зойиров, раъиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, назари худро ин гуна баён дошт: «Аз рафтани Ёқуб Салимов ба маҳбас ё дигар ҷой, ба фикрам, тарс доранд. Барои он ки дар маҳбаси кадом режим, ки набошад, вай имконияти мулоқот кардан дорад. Масалан, ҳангоми сайругаштҳо бо дигарон ҳамсуҳбат мешавад. Ё, тавре мардум мегӯянд, шояд сабаб дар вазъи саломатии ӯ бошад. Аз ҳамин сабаб, метавонанд ӯро то сиҳҳат шуданаш нигоҳ доранд».
Оқои Зойиров гуфт, Ёқуб Салимов, азбаски генерал ва шахси низомӣ низ буд, ба эҳтимоли қавӣ бояд ба маҳбаси махсус барои низомиён интиқол ёбад. Ҳоло дар ин маҳбас Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи собиқ нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ва раъиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба сар мебарад. Ва генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ ва раъиси собиқи Ожонси мубориза алайҳи маводди мухаддири Тоҷикистон, низ бо гузашти беш аз 1 сол ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо ба шумули Ёқуб Салимов дар табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан муҷрим шинохта шудаанд.
То лаҳзаи омода шудани гузориш ба мо муяссар нагардид, ки вокуниши вазорати адлияи Тоҷикистонро дарёфт кунем. Дар раёсати корҳои ислоҳии вазорати корҳои дохилӣ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.