Хатҳои номуайяни марзӣ ва мушкили Тоҷикистону Қирғизистон

Боздошти як тоҷири қирғиз аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боис ба гирдиҳамоии сокинон шудааст.
Ҳудуди 100 сокини деҳаи Қарабоғи ноҳияи Ботканд дар назди марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон гирдиҳам омада, раҳоии шаҳрванди ин кишвар, Расулбек Бурҳоновро тақозо кардаанд.
Мушкили аслӣ маълум набудани хатҳои марзист. Дар 50 дарсади марз хатҳои марзӣ таъйин нашудаанд ва аломат гузошта нашудааст...


Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ин ҷавони қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба тиҷорати симоб машғул будааст.

Вале ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ин ҷавон аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон боздошт шуда ва бояд дар қаламрави ин кишвар муҳокима шавад.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷениш Айдаров, хабарнигори бахши қирғизии "Озодӣ", ки ҳоло дар ноҳияи Ботканд қарор дорад, пурсидем, ки дархости аслии эътирозгарон чист?

Айдаров: "Талаби аслии онҳо озод кардани ҷавонест, ки рӯзи 17-уми апрел кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон боздошт кардаанд. Ин ҷавони қирғиз Расулбек Бурҳонов ном дорад. Эътирозгарон мехоҳанд, ин ҷавонро озод кунанд. Онҳо мегӯянд, ин ҷавонро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд, чунки боздошт дар хоки Қирғизистон сурат гирифтааст. Ман аз мақомоти маҳаллӣ низ ин масъаларо пурсидам. Онҳо мегӯянд, кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистонро дар қаламрави Қирғизистон боздошт кардаанд. Раиси ноҳияи Ботканд мегӯяд, ки ҳоло гуфтушунидҳои ду ҷониб идома дорад ва қарор аст, бар асоси мувофиқатномаҳои мавҷуди миёни ин ду кишвар ҷавонро ба додситонии Қирғизистон диҳанд. Лекин маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад. Имрӯз ё фардо."

Суол: Дар гузашта низ норизоиятҳо миёни сокинони минтақаҳои марзӣ вуҷуд дошт. Мақомоти маҳаллӣ дар бораи ин гуна норизоиятҳо ё эътирозҳои мардуми манотиқи марзӣ чӣ фикр мекунанд?

Айдаров: "Мақомоти маҳаллӣ талош доранд, то ин мушкил ҳал шавад. Як ҳафта пеш раҳбарони ноҳияиҳои Ботканд ва Исфара як тарҳеро баррасӣ карданд ва як комиссияи муштарак таъсис ёфт. Ҳадафи ин комиссия пешгирӣ аз чунин эътирозҳо ва норизоиятиҳо аст. Тибқи ин тарҳ комиссияи мазкур ҳар моҳ як бор ҷаласа баргузор ва вазъиятро баррасӣ мекунад. Онҳо барномаҳо таҳия мекунанд. Вале ман гуфта наметавонам, ки ин комиссия ин вазъро метавонад ҳал кунад ё не."

Суол: Таҳлилгарони маҳаллӣ чӣ мегӯянд ва барои ҳалли ин мушкилҳо чӣ роҳҳои ҳал пешниҳод мекунанд?

Айдаров: "Мушкили аслӣ маълум набудани хатҳои марзист. Дар 50 дарсади марз хатҳои марзӣ таъйин нашудаанд ва аломат гузошта нашудааст. Маҳалҳои баҳсбарангез зиёд аст. Боздошти Расулбек Бурҳонов намунаи равшан аст. Вақте хати марз маълум нест, намедонӣ, ки дар қаламрави кадом кишвар қарор дорӣ, хати марз дар куҷост. Мушкил ин аст."