Аз инқилоби исломии Эрон 29 сол мегузарад ва насли кунунии ин кишвар, ки баъди рӯйдодҳои баҳмани соли 1979 ба дунё омадаанд, ба гузаштаву имрӯзаи кишвари худ ғолибан аз ду зовия баҳо медиҳанд.
Як бахши ҷавонҳо онҳоеанд, ки аз шароити имрӯзаи кишвари худ розӣ ҳастанд ва таҳсилу корро дар режими кунунии кишвар чизи одӣ арзёбӣ мекунанд. Фарибои 24-сола, донишҷӯи теҳронӣ, ки яке аз онҳост, мегӯяд: "Метавонам ба унвони як зан дар ҷомиъаи кишварам хеле фаъолият кунам, бо як мард ҳамкор бошам. Дуруст аст, ки баҳси ҳиҷоб вуҷуд дорад, аммо табъиз дар ҷомиъаи Эрон қабл аз инқилоб ҳам мавҷуд буд ва ҳоло барои мо як чизи одӣ шудааст".
Аммо бахши дувуми ҷавонҳои Эрон, ки шуморашон хеле зиёд аст ва худро як бахше аз ҷунбишҳои сиёсии кишвар, мисли созмонҳои донишҷӯӣ, медонанд, дар рӯзҳои таҷлили 29-солагии инқилоби исломӣ бештар аз нокомиҳои режим дар муқобила бо фақру нодорӣ ва озодиҳои саросарии сиёсиву иҷтимоъӣ лаб мекушоянд.
Ҳусейни Бостонӣ яке аз онҳост. Вай мегӯяд, чанд моҳ қабл аз инқилоби исломӣ аҳли хонаводааш, ки дар Амрико ба сар мебурданд, бо умеди зиёд дубора ба Эрон баргаштанд, аммо хушбиниҳои онҳо ба зудӣ рафъ шуд. Оқои Бостонӣ мегӯяд, солҳои 2000-ум чун як рӯзноманигори ҷавон ба ҷунбишҳои донишҷӯӣ пайваст ва барои ин фаъолиятҳояш зиндонӣ шуд. Ҳоло ӯ дар Парижи Фаронса, ҷое, ки 30 соли пеш раҳбари нерӯҳои инқилобгар Оятуллоҳ Хумайнӣ ба сар мебурду заминаҳои инқилобро аз онҷо таҳия мекард, зиндагӣ мекунад. Вай сардабири нашрияи интернетии www.roozonline.com аст ва мегӯяд, мояи аслии ноқаноъатмандии ҷавонҳои имрӯзаи Эрон пеш аз ҳама аз мушкилоти иқтисодӣ маншаъ мегирад. Ӯ мегӯяд: "Баъд аз инқилоб се иттифоқи муҳим рух дод, ки ба иқтисоди Эрон хисорот ба бор овард. Яке ҳам ҷанги Эрону Ироқ буд, ки зарари он барои мардуми Эрон ҳудудан 1 триллион доллар тахмин зада мешавад. Дигар – қатъи робита бо Амрико ва оғози душмании Эрону Амрико буд, ки мунҷар ба таҳрими иқтисодии Эрон шуд. Ҳазинаҳои таҳрими Амрико алайҳи Эрон ҳам дар 28 соли гузашта ҳадди ақалл дар ҳудуди 800 миллиард доллар маҳсуб мегардад. Севум – муҳоҷирати мардум аз Эрон. Дар тамоми ин муддат Эронро бахши таҳсилкардаву мутахассисон ва сарватмандони кишвар тарк карданд, ки ин равандҳо ҳамчунон дар ҳудуди садҳо миллиард доллар арзёбӣ мешавад".
Дар натиҷа, мегӯяд рӯзноманигор Ҳусейни Бостонӣ, аксар ҷавонҳои имрӯзаи эронӣ нисбат ба ояндаи худ мутмаин нестанд. Фишорҳои иҷтимоъӣ болои ҷомиъа мояи дигари норизоиятии насли ҷавон дониста мешавад. Маҳдудиятҳо дар сару либос, бахусус дар либоси занҳо ва ё мудохилаи полис ба ҳаёти хусусии мардум, аз муҳимтарин намунаҳои фишор болои озодии шахсӣ арзёбӣ мешавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, насли имрӯзаи ҷавонҳои Эрон, ки аслан на дар инқилоб ширкат доштаанду на дар муборизаҳои сиёсиву саркӯбҳои аввали инқилоб, ва, ҳамчунон бино ба камии синнашон, даргириҳои ҳукумат бо нерӯҳои мухолифини дохилиро дар даҳаи 80-уми қарни гузашта ёд надоранд, хоҳони тағйироти зиёд дар ҷомиъаи кишвар ҳастанд.
Меҳрдоди Қосимфар, таҳлилгари радио «Фардо», ки ин мавзӯъро аз наздик таҳқиқ кардааст, мегӯяд, сабаб ин аст, ки ҷомиъаи имрӯзаи Эрон ва низоми сиёсии ин кишвар дар ду самти мухталиф гом мебардоранд: "Ҷомиъаи мо аз як самт, яъне баданаи иҷтимоъӣ, ки мардум бошанд, масири худро тай мекунанд, ба рушди фарҳангии худ, ба таҳсилот, ба сафарҳои хориҷӣ ва забономӯзии худ баҳо медиҳанд, ва феълан шумо метавонед намунаҳои зиндагии модернро дар хонаводаҳои эрониҳо бубинед. Ва аз сӯи дигар, низоми сиёсии Эрон аст, ки рӯз ба рӯз масири аксеро тай мекунад".
Натиҷа ин аст, ки мегӯяд оқои Қосимфар, дар ҷомиъаи имрӯзаи Эрон нерӯҳои қавии сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунанд, ки бо намояндагӣ аз манофеъи донишҷӯёну занон, муаллимон ва синфи коргар хоҳони озодиҳову ҳаққи бештар барои насли худ ҳастанд. Ва мақомот ҳам дар посух талош мекунанд, то садои мухолифат ва дигарандеширо хомӯш кунанд, рӯзномаҳои танқидомезро бубанданду донишҷӯёну занҳои муътаризро ба зиндон андозанд.
Вай афзуд, ба фарқ аз эрониҳое, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранду хоҳони сарнагунии режими исломӣ мебошанд, ҷомиъаи дохили Эрон ба инқилоб муътақид нест. Ба хотири ояндаи ин ҷомиъа ва бо таҷрибаи талхи инқилоби исломии соли 1979, мегӯяд вай, аксарият мехоҳанд бо роҳи ислоҳот ба тағйирот даст ёбанд.