Ҳамроҳ бо сармояҳои ҳангуфт ва молу маҳсулоти худ, Чин фарҳанги ғании ғизоҳои худро ҳам вориди Душанбе мекунад. Бо ҳузури бештари шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ ба ғизои солим ва сабуку камравғани ошхонаҳои чинӣ ҳам бештар мешавад.
Беш аз 10 ошхонаи чинӣ дар Душанбе
Ҳоло шумори чиниҳо дар инҷо зиёд шудааст. Аз ин рӯ, талабот ба ғизоии чинӣ меафзояд. Бар изофа, сокинони маҳаллӣ низ ба ғизоҳои мо таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Шумори ошхонаву тарабхонаҳои чинӣ дар пойтахти кишвар ахиран ба беш аз 10 адад расид. Муассисони ин ошхонаҳо аксаран шаҳрвандони Чинанд ва ошпазҳо ҳам махсус барои таҳияи ғизо аз Чин ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Ошхонаи чинии “Дӯстӣ”, ки ҳудудан 1 моҳи пеш дари худро ба рӯйи муштариён боз кард, яке аз онҳост. Муассиси ин ошхона, ки шаҳрванди Чин аст, қаблан дар як ширкати роҳсозӣ кор мекард. Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳамватанони худ дар Душанбе ва талабот ба ғизоҳои чинӣ тасмим гирифт, ин ошхонаро таъсис диҳад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чай Хун Ҷан, муассиси ошхонаи чинии “Дӯстӣ” рӯзи 26-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло шумори чиниҳо дар инҷо зиёд шудааст. Аз ин рӯ, талабот ба ғизоии чинӣ меафзояд. Бар изофа, сокинони маҳаллӣ низ ба ғизоҳои мо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ошхонаи мо ҳоло нав аст ва беш аз 5 номгӯи ғизо пешниҳод мекунем. Ғизоҳо бештар аз гӯшту биринҷ, хамира ва сабзавот таҳия мешавад.”
"Тоҷирони чинӣ дар шинохти бозори Тоҷикистон устоянд"
Мисли ошхонаи “Дӯстӣ” барои дӯстдорони ғизоҳои тунди чинӣ дар ҳошияи ҷанубии пойтахти Тоҷикистон маъруф бо “Колхози Росия” силсилаи ошхонаҳое бунёд шудааст, ки дар он на танҳо хоҳишмандон ғизои тайёр мехуранд, балки метавонанд, ғизоро бо дасти худ, дар сари миз омода кунанд. Ин усулро чиниҳо “Ҳого” ном мебаранд.
Тоҷирони чинӣ, ки дар шинохти бозори Тоҷикистон устоянд, барои таъсиси ошхонаи ғизоҳои миллии худ бештар маҳз ҳамин нуқтаи маъруф бо ғизоҳои болаззат ва бо нархҳои дастраси Душанберо интихоб кардаанд. Танҳо дар як кӯча, дар ин маҳалла, 4 ошхонаву тарабхонаи чинӣ фаъолият дорад. Ба фарқ аз қаҳвахонаву тарабхонаҳои чинии маркази шаҳр дар ин нуқтаҳо қишрҳои миёна ҳам метавонанд мувофиқ ба ҷайби худ ғизо бихӯранд. Арзиши ғизоҳои маъмули чинӣ дар ин ошхонаҳо аз 30 сомонӣ шурӯъ мешавад. Вале дар муқоиса бо хӯрокҳои тоҷикӣ нархи он гаронтар аст.
"Одам то охири кор сер мемонад"
Муштариёни ошхонаҳои чинӣ танҳо худи чиниҳо нестанд. Файзулло Қурбонов, ки дар яке аз ошхонаҳои чинӣ дар Душанбе ғизо мехӯрд, гуфт, “тақрибан ҳар рӯз ба ин ҷо меоям. Тушбераҳои чиниро дӯст медорам. Боз як ғизои дигар доранд бо номи Не Фан, ки аз биринҷу гӯшту сабзавот таҳия мешавад. Хеле бомазза аст. Нархи хӯрок ҳам дастрас аст. Одам то охири кор сер мемонад.”
Ба қавли муассисони ошхонаҳои чинӣ дар Душанбе, муштариёнашон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, аксаран онҳое ҳастанд, ки ба Чин равуо доранду бо ширкатҳои чинӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ё ғизоҳои тундро дӯст медоранд.
Ошпазҳои чинӣ мегӯянд, ҳар нафаре, ки як бор аз ғизои онҳо истеъмол кард, ҳатман дигарбора хоҳиши хӯрдани онро хоҳад кард ва то ҳадде “вобаста” мешавад. Дар тарабхонаи “Лунг Чен”, ки дар маркази шаҳр фаъолият дорад, барои муштариён ҳудуди 200 навъи ғизоҳои чинӣ пешниҳод мешавад. “Лунг Чен” аз аввалин тарабхонаҳои чинӣ дар Душанбе аст ва 10 соли пеш ба фаъолият шурӯъ кард. Сан Гуансай ҳам ҳанӯз дар оғози фаъолият ба ҳайси сарошпаз аз Чин ба Тоҷикистон омад.
"Мардум бештар мурғобии пекинӣ фармоиш медиҳанд"
Ӯ гуфт, “сокинон ин ҷо бештар аз ҳама моҳӣ фармоиш медиҳанд. Аммо мурғобии ба шакли Пекинӣ омодашуда дар ҷойи аввал қарор дорад. Маъмулан дар идҳо ин навъи ғизоро фармоиш медиҳанд.”
Моликони ошхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳо инҷо бештар аз маҳсулоти маҳаллӣ ғизо омода мекунанд. Онҳое ҳам, ки таҷрибаи ворид кардани маҳсулот ва бархе аз ҷонварҳои баҳрӣ барои таҳияи ғизо аз Чин ба Тоҷикистонро доранд, мегӯянд , дар ин самт чандон муваффақ нашуданд ва зиёд серталаб набуд. Дар тарабхонаи “Лунг Чен” қаблан аз Чин харчанги зинда меоварданд, ба далели камхарид будан ҳоло дигар ин маҳсуолотро надоранд. Бархе аз ин ошхонаву тарабхонаҳои чинӣ дар Душанбе ба хотири ҷалби муштариён, тарабхонаву ғизоҳои худро бо истилоҳу ибораҳое чун “хӯрок барои мусулмонҳо” ва ё “ҳалол” тарғиб мекунанд.
Чин ба Тоҷикистон натанҳо сармоя дод
Солҳои ахир равуои шаҳрвандони Чин ба Тоҷикистон хеле зиёд аст. Бар пояи омори расмӣ тайи як-ду соли ахир теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар дар Тоҷикистон 30 дарсад афзоиш ёфта, ба тақрибан 8 ҳазор нафар расидааст. Дар зимн, бо зиёд шудани равуо, ворид шудани ширкатҳои чинӣ ва тиҷорати шаҳрвандони Чин дар Душанбе ҳамакнун фарҳанги ғизои чинӣ ва ошхонаҳои он ҳам вориди бозор шудаву ба рақобат шурӯъ кардаанд.