Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27 май ҳукми ҳабси пешакии Зайд Саидовро ба қувваи худ боқӣ гузошт.
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони соҳибкори боздоштшуда ба Озодӣ гуфт, ки додгоҳ шикояти онҳо аз ҳукми рӯзи 22 майи додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро напазируфт. Вакили дигари Зайд Саидов Шӯҳрат Қудратов гуфтааст, маълум буд, ки додгоҳ ин қарорро мустақилона қабул накардааст.
Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Маҷлиси шаҳри Душанбе танҳо рӯзи 20 май масунияти вакилии ӯро лағв кард ва додгоҳи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси пешакии ӯ барои 2 моҳро содир кард. Зайд Саидовро шаби 24 май ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол доданд.
Маъракаи дифоъ аз Зайд Саидов
Дар ҳамин ҳол, Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи душанбе нишасти навбатии худро баргузор намуда, барномаи амал ва «Манифест»-и худро баррасӣ менамояд. Маҳмудҷон Қосимов, намояндаи Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯзи 27-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки аъзои эътилоф имрӯз ҷамъ омада ва се санадро баррасӣ хоҳанд кард: «Барномаи амали эътилоф, банду фаслҳои "Манифест"-и эътилофро баррасӣ намуда, ба дунболи он як изҳорот пахш хоҳем кард.»
Ба гуфтаи вай, «Манифест»-и эътилоф аз панҷ банд иборат буда, дар он ҳузури бештари шаҳрвандон дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъкид шудаст, ки ҳукумат бояд шароити солимро барои он муҳаё созад.
Дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, ки феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, аз вазоифи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳоло ҳайати раёсати Эътилоф аз нуҳ нафар аз аҳзобе назири ҲНИТ, ҲСДТ ва гуруҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав", созмонҳои Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ё НАНСМИТ, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорони алоҳида, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷавонон таркиб ёфтааст.
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов 13 нафарро дарбар мегирад ва ба қавли Маҳмудҷон Қосимов, намояндаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистон, тариқи роҳҳои қонунӣ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои сарвари ин гурӯҳ фаъолият хоҳад кард.
Рӯзи 25-уми май бархе аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ниҳодеро бо номи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис доданд, ки вазифаи аслии он ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик хоҳад буд. Ба ин хотир, дар чаҳорчӯби Эътилоф Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ҳам ташкил шуд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба эътилоф аҳзоби мухолифи ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятиву афроди алоҳида шомил ҳастанд. Вай афзуд, ҳадаф аз ташкили эътилоф ва Кумита ба дастаҷамъӣ расидагӣ кардан ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аст: «Ин як ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки ба тариқи машварат тасмим хоҳад гирифт ва ҳар касе хоҳиши ширкат дар кори онро дорад, метавонад шомили он шавад. Минҷумла, ҳоло бо бархе аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ машварат дорем, ки умедворем, ба Эътилоф ворид хоҳанд шуд.»
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов 13 нафарро дарбар мегирад ва ба қавли Маҳмудҷон Қосимов, намояндаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистон, тариқи роҳҳои қонунӣ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои сарвари ин гурӯҳ фаъолият хоҳад кард: «Ҳуқуқҳои конститутсионӣ гуфта, мо инро дар назар дорем, ки аз оғози боздошти Зайд Саидов чандин маротиба ҳуқуқҳояш нақз шуд. Вақте боздошт карда, иттиҳом эълон карданд, ки ҳанӯз дахлнопазирӣ дошт, ё вакилони дифоашро чанд рӯз нагузоштанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд, ҳарчанд қонуни давлат инро пешбинӣ мекард. Мо мехоҳем минбаъд дастҷамъона бо кӯмаки ҷомиаи шаҳрвандӣ аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ кунем.»
Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақ рӯзи 19-уми май аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти тафтишотӣ ӯро ба гирифтани пора, қаллобӣ, сӯистифода аз мансаб ва серзанагӣ муттаҳам мекунанд. Аммо аз нигоҳи ҷонибдоронаш, ин раванд аз оғоз ғайриқонунӣ буд ва иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, аслан заминаи сиёсӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, ташкил шудани боз як эътилоф бо ширкати аҳзоби мухолифи давлат ва созмонҳои ҷамъиятиву шахсиятҳои алоҳида ба дунболи Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо дар қонуни интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки низ аз сӯи онҳо ташкил шуда буд, аммо пешниҳодҳояшро парлумони Тоҷикистон ба назар нагирифт.
Иддае аз коршиносон бо ишора ба номуваффақ будани ин гуна танзимҳо мегӯянд, муваффақиятҳои эътилофи ҷадид низ бо назардошти низоми ҳукмрон дар Тоҷикистон баъид аст. Коршинос Алӣ Мастов мегӯяд, пайдо шудани чунин танзимҳо хоси низомҳои худкома аст ва як махсусияташон ҳам ин аст, ки бетаъсир хоҳанд буд:
«Аз касе пӯшида нест, ки дар кишварҳои авторитарӣ ҳар як ташаббуси таъсир гузоштан ба равандҳои сиёсӣ зебоии ба худ хос дорад, аммо ин ҷанбаи масъала ҳам ҳаст, ки онро як низоми хашин пешвоз мегирад ва дар ин низом қонунмандӣ риоя намешавад. Мантиқан, ҳар як ташаббус ҳанӯз тавлид нашуда, дар батн кушта шудааст. Ду роҳ аст, ё «кисагӣ» бошед, ё умуман, набошед. Мо дар бораи чӣ суҳбат мекунем, вақте як ҳизби расман сабти номшуда наметавонад озодона як ҷаласаи оддӣ баргузор кунад? Ин ки эътилофу Кумита ташкил кардаанд, хуб аст, аммо бо таассуф мегӯям, ки ба натиҷае расидани он хеле мушкил аст.»
Дар ҳамин ҳол, дастандаркорони Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, то ду рӯзи дигар барномаи амали худро таҳия намуда, дар ҷаласаи навбатӣ ба баррасӣ мегиранд ва вориди амал мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад