Барқ ва кӯмак ба камбизоатон. Интизории мардум аз паёми Эмомалӣ Раҳмон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабри имсол ба мардум ва порлумони кишвар паём хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки мавзӯи суҳбати имсолаи президент чӣ хоҳад буд. Бархе аз сокинон мегӯянд, интизор доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи камбуди барқ, кумак ба ятимону камбизоатон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор суҳбат мекунад.