Вазорат: "Бе иҷоза ворид кардани ҳама гуна китоб манъ аст"

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест. Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март гуфт, ворид намудани китоб ба ҷумҳурӣ бидуни иҷозаи вазорат мумкин нест.

Вай гуфт, “новобаста аз теъдоди китобҳо воридшаванда, шаҳрванд бояд иҷозатномаи Вазорати фарҳангро бигирад. Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ва ё содир кардани он иҷозат дода мешавад.”

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо мумкин нест.

Ҷорӣ шудани иҷозатнома барои ворид намудани китобҳо дар ҳолест, ки Хадамоти гумуруки Тоҷикистон дар марзҳо даҳҳо китобҳои умдатан бо хатти форсиро аз мусофирон мусодира мекунанд.

Ахиран дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошт ва мусодираи китобҳои як шаҳрванд, ки аз ӯ Ҳ.А. ном бурда мешавад, ки бо худ чанд китоб бо ҳуруфи форсӣ ва аз ҷумла “Бӯстон”-и Саъдии Шерозиро доштааст.

Хадамоти гумрук мегӯяд, ин нафар “4 адад китобҳои динӣ, аз ҷумла «Куллиёти Канзулҳусайн», «Тадбири хоб», «Тасвири Шиаи Исмоилия» ва «Бӯстони Саъдӣ»-ро мехост бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад”.

Зимнан, ин барои бори аввал нест, ки китобҳо бо ҳуруфи форсӣ мавриди шакки гумрукчиён қарор гирфита, дарҳол мусодира мешавад. Тобистони соли гузашта низ Хадамоти гумрук як баста китобҳоро бо ин ҳуруф боздошт намуда буд, ки дар миёни онҳо девони Ҳофиз ва ё “Фоли Ҳофиз” вуҷуд дошт.

Саъдӣ Юсуфӣ.

Cаъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мақомот бештар аз хатари ворид шудани адабиёти мазҳабии зиёнбор ва ифротӣ нигаронанд. Вай гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ворид шудани адабиёти номатлуб нигаронанд. Аммо чун хаттӣ форсӣ барои аксарияти кормандони гумрук ошно нест, аз ин рӯ, кормандони гумрук ба ҳама гуна адабиёт бо хатти форсӣ бо шубҳа менигаранд ва ин ҳолат гоҳо боиси мусодара шудани адабиёти беозоре бо ин хат мешавад”.

Аммо Шералӣ Хоҷаев мегӯяд, дар сурати муроҷиати шарвандон ба Вазорати фарҳанг, албатта барои ворид намудани китобҳое адабӣ ва ё ашъори классикон, мисли “Бустон”-и Саъдии Шерозӣ иҷозат дода мешавад. Ин мақоми Вазорати фарҳанг гуфт, тартиби гирифтани иҷозатномаи Вазорати фарҳанг соддаву осон аст ва барои ин бояд ба унвонии Вазири фарҳанг ариза бояд навишт.

Ӯ гуфт: “Вақте шаҳрванд китоб ва ё, сарватҳои фарҳангиро мехоҳад ба кишвар ворид ва ё баръакс аз кишвар берун бубарад, тибқи муқарарот ба вазири фарҳанг ариза менависад. Дар ариза бояд, номи китоб, ба кадом забон буданаш, дар куҷо нашр шудан ва исми муаллиф, теъдоди он, аз куҷо ворид ва ё содир мешавад, зикр мешавад”.

Зимнан дар Тоҷикистон боз ду ниҳоди дигар - Кумитаи дин ва Вазорати корҳои дохила рӯйхати китобҳои маъмнӯъро муайян кардаанд, ки ба ин руйхати сиёҳ аксаран адабиётҳои мазҳабӣ ва ё матнҳое, ки барои фолу ҷоду истифода мешаванд, ворид шудаанд.

Ба рӯйхати китобҳои мамнӯи Вазорати корҳои дохила то ба ҳол 13 адабиёт ворид шудаанд, ки аксаран китобҳои марбут ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ҳастанд. Дар назди Кумитаи дин низ як шӯрои хосае амал, мекунад, ки китобҳои диниву мазҳабиро ташхис дода, баъдан бо иҷозаи он ворид намудани ин китобҳо ба кишвар ва ё нашри он дар дохил, иҷоза дода мешавад.