Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар робита ба куштори генерали рус

Маҳалли ҳодиса

Мақомоти Русия рӯзи 18-уми декабр хабар доданд, ки дар робита ба куштори генерал Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии ин кишвар, як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Ба ӯ ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Кириллов рӯзи 17-уми ноябр дар назди хонааш, ҳафт километр дуртар аз Кремл, кушта шуд.

Расонаҳои Русия аз боздоштшуда Аҳмад Қурбонов ном бурданд. Вай дар навори ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия, мегӯяд, ин корро бо дастури мақомоти Украина анҷом дод. Маълум нест, ки видео дар чӣ шароите сабт шудааст. Борҳо дурӯғгӯии мақомоти Русия ошкор шудааст, аз ин рӯ, ба ин фарзияи мақомоти рус бо шубҳа нигоҳ мешавад.

Мақомоти рус мегӯянд, ӯ бомбаи худсохтро дар скутер ҷосозӣ ва дар назади хонаи генерал гузошта будааст.

“Барои анҷоми ин ҳамла ба иҷрокунандаи таркиш ҷоизаи пулӣ – 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва зиндагӣ дар як кишвари аврупоӣ ваъда шуда буд. Шахсияти афроде, ки ин дар ин ҷиноят даст доранд, ошкор карда мешавад,” -- гуфт Свтелана Петренко, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия.

Мақомоти Русия ва расонаҳои ин кишвар ба миллати боздоштшуда таъкид доранд. Дар гузашта чунин ишора, ки тоҷикон дар ҳамлаи «Крокус» даст доранд, фишор болои муҳоҷиронро афзоиш дода буд. Ҳоло маълум нест, ки бо таъкид ба шаҳрвандии боздоштшуда мақомоти рус чӣ мехоҳанд. Онҳо ваъдаи ситондани қасос додаанд.

Мария Захарова, сухангӯйи ВКХ-и Русия, мегӯяд, “мо бовар дорем, ки ҳама фармоишгарон ва иҷрокунандагони қатли Игор Кириллов пайдо ва ҷазо дода мешаванд.”

Игор Кириллов

Касе ё гурӯҳе масъулияти кушторро расман бар дӯш нагирифтааст. Як манбаъ дар Хадамоти амнияти Украина (СБУ) ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш натиҷаи амалиёти махсуси онҳост.

Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард. Хадамоти амнияти Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар ҷараёни ҷанги тақрибан сесола дар Украина таҳти раҳбарии Кириллов қариб 5000 бор аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд. Ин иддаоро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

Игор Кириллов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия бар дӯш дошт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Русия гуфтанд, муҳоҷири узбек генерали русро куштааст