69-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонро дар Тоҷикистон бидуни баргузориии паради низомӣ, аммо бо маросимҳои вижа ва сайругаштҳои идона таҷлил карданд.
Ба ин муносибат субҳи ҷумъаи 9-уми май, маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи «Оташи абадӣ», ки дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе воқеъ аст бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти баландпояи Тоҷикистон, намояндагони сафорату созмонҳои муқими Душанбе, кӯҳнасарбозони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, афсарону сарбозони вазорати дифоъ ва иддае аз сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардида ва бо дақиқаи хомӯшӣ хотири қурбониёни ин ҷанг гиромӣ дошта шуд.
Аммо он гуна, ки қаблан эълом шуд, имсол таҷлили Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон танҳо бо ин маросим ва баргузории маҳфилҳои идона ва сайру гашти сокинон маҳдуд аст ва баргузории паради низомӣ дар назар нест.
Рӯзи гузашта дар маркази вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, маҳфилҳои бошукӯҳ ва ботантана ба муносибати солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ баргузор шуд ва интизор меравад имрӯз сайру гашти идона доир шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи гузашта дар паёми табрикие ба муносибати 69-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ, Ҷанги дуюми ҷаҳониро мудҳиштарин фоҷиаҳои аҳли башар хонд. Зеро ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафари он қурбон гардиданд.