Фасод, саркӯб, дурӣ аз мардум. Чаро Башор Асад сарнагун шуд?

8-уми декабри 2024 ба 53 сол ҳукуматдории хонадони Асад дар Сурия поён доданд

Бо гузашти ду рӯз аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия, ки аз пуштибонии Эрону Русия баҳраманд буд, мақомоти Тоҷикистон дар бораи таҳаввулоти ин кишвари Ховари Миёна ҳарфе нагуфтанд. Душанбе ва Димишқ дар солҳои охир бештар барои бозгардондани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик ҳамкорӣ доштанд.

Фалаҷ гаштани идораҳои давлатӣ

Ду коршиноси тоҷик, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар Душанбе ҳамсуҳбат шуд, фасоди молӣ ва фалаҷ шудани идораҳои давлатӣ ва гуфтугӯ накардани Башор Асадро бо ҳама қишру гурӯҳҳо сабаби вожгунии ҳукумати ӯ донистанд. Ба қавли Маҳрамбек Маҳрамбеков, коршиноси масоили динӣ, ҳукумати Башор Асад "муваққатан худро нигоҳ медошт".

Маҳрамбек Маҳрамбеков

"Гурӯҳҳои зиддидавлатӣ бо осонӣ соҳиби давлати Сурия шуданд ва мақомоти қудратӣ ягон бархӯрди ҷиддӣ нишон надоданд. Чизе, ки шоҳид шудем, бори дигар собит кард, ки низоми давлатдорӣ дар Сурия баъд аз соли 2012 ба таври зарурӣ кор намекард," – гуфт ӯ рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, фасоду поин будани сатҳи зиндагии мардумро аз сабабҳое донист, ки боис шудааст мардум дигар аз Башор Асад ҳимоят накунанд.

"Сурия 3-4 порча буд. Башор Асад нахост бо қувваҳои дигар, аз ҷумла бо мухолифон дар Идлиб ва нерӯҳои демократӣ (курдҳои Сурия) гуфтугӯ кунад. Барои ҳамин, танҳо монд. Сокинони шаҳрҳое, ки зери назорати ҳукумати Сурия буданд, медиданд, ки зиндагӣ дар Идлиб ва минтақаҳои зери назорати курдҳо беҳтар аст. Башор Асад ҳам фаҳмид, ки ҳукуматаш аз байн меравад, барои ҳамин муқовимат накард," – шарҳ дод Ҳодизода.

Куштор, саркӯб, зиндон

Кишварҳои ғарбӣ ва мухолифонаш дар Сурия Башор Асадро ба куштани ғайринизомиён, саркӯби мухолифон ва истифода аз силоҳҳои кимиёӣ ба зидди мардуми осоишта муттаҳам мекунанд.

Нерӯҳои ҳукумати Башор Аcадро ҳамчунин ба ҳамлаҳои батакрор ба мактабу беморхонаҳо ва эъдомҳои худсарона гунаҳкор медонанд. Бино ба иттилои Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз соли 2011 то 2015 ҳукумати Сурия дастикам 13 ҳазор маҳбусро дар зиндони низомии Сайеднея ба дор кашидааст.

Дар маҷмуъ дар ҷанги дохилии Сурия, ки аз соли 2011 идома дошт, қариб ним миллион нафар кушта шуда, ҳудуди 7 миллион кас тарки кишвар кардаанд.

8-уми декабр, баъд аз ёздаҳ рӯз ҳамлаи ғофилгиронаи шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом" (Амрикову баъзе аз кишварҳои дигар созмони террористӣ медонанд ва дар ҳайаташ ҷангҷӯён аз Тоҷикистон низ ҳастанд) 53 сол ҳукуматдории хонадони Асад дар Сурия поён ёфт. Башор Асад аз соли 2000-ум дар қудрат буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол бар Сурия раҳбарӣ кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дарси ибрате барои фармонравоёни худкома"

"Ҳодисаи таърихӣ"

Як сабаби устувории ҳукумати Асадро дар пуштибонии Эрон ва Русия аз он медонистанд ва ҳоло фурӯпошии ин режимро зарбае ба ҳомиёнаш талаққӣ мекунанд.

Коршинос Ҳайд Ҳайд аз Пажӯҳишгоҳи Чатам Ҳауси Лондон фурӯрезии ҳукумати Башор Асадро "ҳодисаи таърихӣ" номид, чун ба гуфтааш, "дар давоми панҷ даҳсола танҳо як ҳизб, як ранг ва як чеҳра дар Сурия ҳукмрон буд."

Ӯ афзуд: "Ба мардум иҷоза намедонанд, ки фикри худро бигӯянд, ҳақ надоштанд, ҳатто масъалаҳоеро, ки ба ниёзҳои ҳаррӯзаи онҳо вобаста аст, мисли фасод, қонуншиканӣ, суистифода аз қудрат муҳокима кунанд. Хуб, ҳоло тасаввур кунед, ки имкони воқеӣ барои таъсиси на танҳо ҳизбҳо, балки фаъол кардани ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳам пайдо мешавад."

Нигаронӣ аз ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик

Он чи ҳамсуҳбатони моро дар Душанбе бештар нигарон кардааст, ҳузури ҷангҷӯён аз Тоҷикистон дар сафи шӯришиёнест, ки боиси дигаргунӣ дар Сурия гаштанд. Ба иттилои як манбаи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон, 374 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Идлиби Сурия буданд.

Коршиноси масоили динӣ Маҳрамбек Маҳрамбеков хатари баъдиро таблиғоти ҷангҷӯён номид: "Он теъдоде, ки имрӯз дар Сурия ҳастанд, аз лиҳози сиёсиву низомӣ хатари ҷиддӣ буда наметавонанд. Агар дар он минтақаҳо мустақар шаванд ва барои худашон пойгоҳҳои таблиғотӣ созанд, ин метавонад барои мо мушкилот эҷод кунад ва теъдоди зиёди ҷавононро роҳгум занонад."

Баъд аз соли 2014 ва зуҳури гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ, ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба он пайвастанд. ДОИШ то соли 2018 дар Ховари Миёна саркӯб шуд ва қаламравҳояшро аз даст дод. Пирӯзии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” дар Сурия нигаронии баъзе аз таҳлилгаронро дар Душанбе дубора зиёд кардааст.

Фаридун Ҳодизода

Таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода мегӯяд, "вақте ДОИШ дар Ироқу Сурия пеш мерафт, мардум бештар ба онҳо мепайвастанд. Инҷо ҳам ҳамин тавр мешавад. Ин хатари зиёд аст ва бо онҳо бисёр душвор, ки мубориза барем. Мутаассифона, паёмҳои мутақобила, яъне контрпропаганда надорем, ки ба онҳо муқовимат кунем. Мо бояд панҷ-даҳ сол пеш медонистем, ки ин ҳолат ба сари меояд ва омода бошем."

Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон барои муқобила бо ин вазъ чӣ барномаҳое дар даст доранд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, ситоди мубориза бо терроризм, ки намояндагони чанд ниҳоди қудратиро муттаҳид мекунад, ин мавзуъро ҷиддӣ гирифтааст ва ҳузури тоҷиконро таҳқиқ дорад.

Ин ситод рӯзи 5-уми декабр вазъият дар Сурия ва ширкати зодагони Тоҷикистонро дар он баррасӣ кардааст. Вале ҳангоми шиносоии ба камияш се нафаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафи "Ҳайат Таҳрир -аш-Шом" аз шаҳрҳои Сурия суҳбат мекарданд, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин чеҳраҳо барояшон нав буда, дар феҳристи онҳо ҷой надоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вожгуншавии ҳукми Башор Асад дар Сурия ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?