Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ҳоло ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ. Чаро Олмон ба Дилмурод Эргашев ҳаққи паноҳандагӣ надод ва ӯро баъди сездаҳ сол аз қаламраваш ронд? Ихроҷи баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик аз кишварҳои дигари аврупоӣ дар солҳои охир баёнгари чист?
Мавзӯи барномаи “Гапи Озод” ҳамин аст. Аз намояндаҳои мақомот ва коршиносони тарафдори ҳукумат дар Тоҷикистон хостем, ки ба баҳс биоянд, вале онҳо худдорӣ карданд. Меҳмонони имрӯзаи мо: Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ.
Мирзонабии Холиқзод: Шарофиддин Гадоев, биёед, аз шумо оғоз кунем, чун бо қазияи Дилмурод аз наздик ошно ҳастед. Сарфи назар аз он ки созмонҳои ҳуқуқи инсон ибрози нигаронӣ доштанд ва худи ӯ раги дасту пояшро бурид, мақомоти Олмон вайро аз ҳудуди ин кишвар берун карданд ва саранҷом дар Душанбе дастгир шуд. Чаро?
Шарофиддин Гадоев: "Аз як тараф камбудии ҳуқуқӣ, аз сӯйи дигар баъзе аз лоббигариҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷо анҷом дод. Мо марказҳои лоббигарии Тоҷикистонро мушаххас кардем. Ба ҷойҳои зарурӣ расондем, ки ин лоббигариҳо ба ихроҷи маҷбурӣ таъсир доштанд."
Мирзонабии Холиқзод: Худи Дилмурод Эршаев чанд рӯз пеш аз ронда шуданаш аз Олмон телефонӣ ба мо гуфт, ки мақомоти ин кишвари аврупоӣ далелашро барои дарёфти паноҳандагӣ нокофӣ хондаанд. Яъне, ба ин бовар будаанд, ки ҳузураш дар Тоҷикистон хатар надорад…
Шарофиддин Гадоев: "Бале, чунин чизҳо вуҷуд доштанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ширкат дар гирдиҳамоӣ ва ибрози норизоӣ як чизи маъмулӣ аст. Барои ақида ва ё ширкат дар гирдиҳамоӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашанд. Инҳо фикр карданд, ки Дилмурод як чеҳраи барҷаста ва расонаиву матраҳ нест ва ихроҷаш ба Тоҷикистон ба ҷони ӯ таҳдид намекунад. Дар асл, ин хел нест. Ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ҳатто барои гузоштани як "лайк" одамонро аз панҷ то даҳ сол зиндонӣ мекунад. Барои ширкат дар гирдиҳамоии мухолифон парвандаи ҷиноӣ боз мешавад."
Мирзонабии Холиқзод: Абдусаттор Бобоев, бардошти шумо аз қазия чӣ аст?
Абдусаттор Бобоев: "Воқеан, ихроҷи баъзе аз намояндагони мухолифон аз кишварҳои аврупоӣ ҷойи нигаронӣ дорад. Аз ҷумла, қазияи Дилмурод Эргашев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон. Вай пеш аз соли 2015 омада буд. Бо камоли маъзарат, мо гуфта наметавонем, ки дар ин ҷо фақат кишварҳои аврупоӣ гунаҳкоранд. Дар кори бародарони мо, паноҳҷӯён, мухолифон, баъзе аз қонуншиканиҳо дида мешавад. Набояд дар ин ҷо хидмати хирсона кунем ва бигӯем, ки ҳамаи инҳо бегуноҳанд. Чунин нест. Ба Кумитаи мо муроҷиат мешавад. Қазияҳоро меомӯзем. Маълум мешавад, ки баъзе қонуншиканиҳо ҳаст. Қоидаи будубошро риоят намекунанд. Албатта, дар инҷо сафорати Тоҷикистон талош мекунад, ки шахсони сиёсӣ, мухолифонро ба Душанбе фиристад. Аммо қазияи баъзе аз инҳое, ки аз Олмону Лаҳистон ихроҷ шуданд, ҳатто ба баҳси оилавӣ рабт дорад."
Шарофиддин Гадоев: "Ман бо ин гуфтаҳо розӣ нестам. Агар қонуншиканӣ сурат гирифтааст, бояд дар алоҳидагӣ санҷида шавад. Яке масъалаи хатар ба ҷони инсон аст. Дар инҷо танҳо метавон гуфт, ки парвандаҳо нодуруст бандубаст шудаанд. Мушкил дар инҷост, на он чизе, ки ҳамсуҳбати мо гуфтанд."
Мирзонабии Холиқзод: Абдусаттор Бобоев, шумо дар суҳбати худ аз қонушикании баъзе аз паноҳҷӯён гуфтед. Ин чӣ қонуншиканӣ аст?
Абдусаттор Бобоев: "Вақте ба онҳо ҷавоби рад меояд, бояд барои баррасӣ дубора муроҷиат кунанд. Аксар мардум дониши кофӣ надоранд, сарфаҳм намераванд. Камбудҳое, ки онҳо мекунанд, баҳси оилавӣ буд. Фаррух Икромов аз Лаҳистон ба Тоҷикистон ронда ва дар онҷо зиндонӣ шуд. Яке аз сабабҳои ихроҷаш муноқишаи оилавӣ буд. Кор то ҷое расид, ки байни ӯ ва ҳамсараш ҷудоӣ афтод ва ба додгоҳи Лаҳистон рафт. Билол Қурбоналиев, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуд, саводи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷавоб гуфтан ба номаҳоро надошт. Ман намегӯям, ки онҳо сад дар сад гунаҳкоранд. Шахсоне, ки аз Тоҷикистон меоянд, бояд пеш аз ҳама бо вакилони мудофеъ суҳбат кунанд."
Мирзонабии Холиқзод: Ба назари шумо, Шарофиддин Гадоев, чаро ин мавридҳо пеш омадаанд?
Шарофиддин Гадоев: "Ман бо ин ҳарфҳо комилан розӣ нестам. Як кишвари аврупоӣ ҳаққи ихроҷи он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, надорад. Барои мисол, Дилмурод тамоми далелҳоро барои паноҳандагӣ дошт. Ягон ҷиноят ҳам содир накардааст. Ман фикр мекунам, дар паси ин қазия баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки барои мо феълан рӯшан нестанд."
Барнома дар Ютуб:
Мирзонабии Холиқзод: Сафири Олмон дар Тоҷикистон дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ чанде пеш гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сӣ ҳазор тоҷикистонӣ дар инҷо кору зиндагӣ мекунанд. Агар фикр мекунед, тасмими Олмон нақшарезишуда аст, чаро аз миёни садҳо нафар ду-се кас ба қавле ҳадаф қарор гирифтаанд?
Шарофиддин Гадоев: "Сӣ ҳазор нафаре, ки дар Олмон ҳастанд, аксаран донишҷӯ ва муҳоҷири корӣ ҳастанд. Паноҳҷӯён аз зулму истибдод гурехта, ба Аврупо паноҳ овардаанд. Шароити инҳо аз донишҷӯёну муҳоҷирони корӣ фарқ мекунад. Баргардондани маҷбурии ду-се нафар ба раванди муборизаи демократихоҳӣ таъсири калон дорад."
Абдусаттор Бобоев: "Тавре пештар ҳам гуфтам, набояд ба бародарону дӯстони худамон, мухолифон, паноҳандаҳо хидмати хирсона кунем. Бояд бигӯем, ки онҳо набояд қонуншиканӣ кунанд. Қоидаи будубошро риоя кунанд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва намояндаи дигари созмон Насимҷон Шарифов аз Туркия истирдод шуданд. Ягон шак нест. Онҳо бе ягон гуноҳ ва қонуншиканӣ ба Душанбе фиристода шуданд. Манфиати кишварҳо ва шахсиятҳо буд. Онҳоро табодул карданд. Дар иваз мухолифони туркиро аз Душанбе гирифта буданд. Ҳуқуқшинос Иззат Амон ва Каромат Шариповро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ё Бадалов, узви "Гурӯҳи 24" ва Наимҷон Самиев, раиси пешини ҲНИТ дар вилояти Суғд низ аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Инҳо ҳеч гуноҳ надоштанд. Онҳое, ки вақтҳои охир аз кишварҳои аврупоӣ ихроҷ карда шуданд, як каме иштибоҳҳое карданд. Намегӯям, ки гуноҳ ё ҷиноят карданд, вале камбудӣ карданд."
Мирзонабии Холиқзод: Чанде лаҳза пеш гуфтед, ки як мушкили инҳо ҷанҷоли хонаводагӣ аст. Каме шарҳ медиҳед?
Абдусаттор Бобоев: "Дар Аврупо нисбат ба масъалаи занон ҳассос ҳастанд. Намешавад дар инҷо ном гирифт, вале мушкили ду нафар аз истирдодшудаҳо, яке аз Олмон ва яке аз Лаҳистон, қазияи хонаводагӣ аст. Яке аз сабабҳояш. Бояд дӯстон бидонанд ва бифаҳманд."
Мирзонабии Холиқзод: Баргардем ба қазияи Дилмурод Эргашев. То ин дам чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар, тасмими мақомоти Олмонро барои ихроҷи Дилмурод Эргашев танқид карданд. Онҳо аз Берлин хостанд, ки аз Тоҷикистон озодии ӯро биталабад. Франк Швабе, узви Бундестаг ё порлумони Олмон, ҳам аз тарзи ихроҷи ин мухолифи тоҷик изҳори норозигӣ кард. Оё фикр мекунед, тағйироте дар қазияи ӯ пеш хоҳад омад?
Абдусаттор Бобоев: "Ман фикр мекунам, ки ҳеч тағйирот намешавад. Мо шоҳиди он будем, ки чанд сол пеш Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви раёсати олии ҲНИТ, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Даҳҳо тазоҳурот баргузор карданд, вале бенатиҷа монд. Ӯ зиндонӣ шуд. Қазияи Дилмурод бетағйир мемонад. Инро дар таҷриба дидем. Мақомот ба аҳдҳои додаи худ дар назди кишвару созмонҳои байнулмилалӣ амал намекунанд."
Шарофиддин Гадоев: "Дилмурод Эргашев ва дигарон бояд баргардонда шаванд. Ин пеш аз ҳама масъулияти кишварҳои аврупоӣ аст, ки бо иштибоҳи онҳо ин афрод таҳти шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтанд. Ин қонуншикании сахт аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ аст. Бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ва гуфтугӯ бо дипломатҳои аврупоӣ бояд Дилмуродро ба Олмон баргардонем. Агар ин қазия ҳамин тавр гузошта шавад, чунин ҳолат ба сари дигарон хоҳад омад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад