Субҳи шанбе, 4 июл, ду ҷуфт кенгуру аз як боғи вуҳуши Ҷумҳурии Чех вориди Тоҷикистон шуда, дар Боғи ҳайвоноти Душанбе зиндагии навро шурӯъ карданд. Масъули боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока Над Влтавоу - Иван Кубат ҳамроҳ бо ин ҷонварони нодир бо ҳавопаймои Прага-Екатеринбург-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон расид ва дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ивази ин кенгуруҳо аз Тоҷикистон ду хирс хоҳад бурд.
Оқои кубат афзуд, ин роҳ агарчӣ тӯлонӣ буд, "аммо бе шикасту рехт гузашт. Кенгуруҳо хуб расиданд ва акнун умед дорем, ба зиндагии навашон дар макони нав идома хоҳанд дод."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иван Кубат рӯзи 3 июл низ ҳангоми дар Екатеринбург буданаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карда, гуфта буд, кенгуруҳо дар ҳолати хуб қарор доранд: "Ман дар бахши транзити фурудгоҳи Екатеринбург ҳастам, ҷонварон дар қуттиҳои махсусе мунтазири парвозанд. Як масъули собиқи боғи ҷонварони Екатеринбург аз ҳоли кенгуруҳо дар фурудгоҳ хабар гирифт ва ба ман гузориш дод, ки ҳоли онҳо хуб аст ва парвозро аз Ҷумҳурии Чех ба Русия бахубӣ пушти сар кардаанд. Ҷонваронро мо доруи хоб надодем, чунки барои ин ҷонвар чунин зарурате вуҷуд надорад."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз расонаҳои Екатеринбург навиштанд, ки гӯё ҷонваронро бо сабаби дуруст таҳия нашудани санадҳо аз парвоз боздоштанд ва танҳо баъди дуруст шудани санадҳо онҳо парвозро идома медиҳанд. Иван Кубат ин хабарро "нодурст ва ғайривоқеӣ" хонд ва гуфт, ҳама санадҳои зарурӣ барои интиқоли ҷонварон ба Тоҷикистон таҳия шудааст ва ҳеч мушкил дар ин масъала вуҷуд надорад.
Қарор аст, тибқи машварати боғи вуҳуши Душанбе ва Ҳлубока над Влтавоу, бар ивази кенгуру ба Ҷумҳурии Чех хирси нохунсафед бурда шавад. Музокироти ин ду муассиса ду соли охир идома дошт ва ниҳоят табодули ҷонварон анҷом мешавад.