Як кушта ва панҷ захмӣ. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ гузашт?

Назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳамла ба дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон), дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шудааст.

Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 18-уми ноябр ҳодисаро тасдиқ карда, вале тафсилот надоданд.

Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст. Аммо ҳардуи онҳо дақиқ гуфта натавонистанд, ки ҳодиса кори қочоқчиёни маводи мухаддир будааст, ё гурӯҳҳои ҷангҷӯ.

"Аз панҷ захмӣ чаҳор нафар шаҳрвандони Чин ҳастанд. Як нафар сокини маҳаллӣ. Ҳамаи онҳо аз пой маҷруҳ шуда, ба бемористони вилоятӣ ба Кӯлоб бурда шудаанд. Мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва таҳқиқ мекунанд", -- гуфт яке аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ.

Ҳамсуҳбати мо ҳузури чиниҳоро ба вуҷуди корхонаи тило дар минтақа пайванд дод: "Дараи Зарбуз дар наздикии мавзеи Сари Ғор ҷойгир аст. Чиниҳо дар онҷо кор мекарданд." Дар мавзеи Сари Ғор як Комендатураи сарҳадӣ низ ҷойгир аст.

Як намояндаи ҳукумати Шамсиддини Шоҳин, ки ба далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, корхонаи тило дар дараи Зарбуз нав номнавис шуда, чиниҳо корҳои иктишофӣ анҷом медоданд.

Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар гузашта дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гаравгонгирӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва сарҳадбонҳо сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки дар пайи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин кушта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти Тоҷикистон аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Онҳо соли 2023 аз чанд мавриди убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми августи соли гузашта аз кушта шудани се узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи мустақил мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кушта шудани як шаҳрванди Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон