Роҳи пойтахт ба рӯи рамаҳо баста шуд

Iraq – animal breeding, Duhok province, 09Jan2009

Маҷлиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи ахираш убури рамаву пода аз қаламрави пойтахтро манъ кардааст.
Рӯзи 10 октябр дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони Душанбе дар Кохи Ваҳдат, ки таҳти раёсати шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, убури рама ва парвариши чорвои хурду калон дар пойтахт аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Вакилони маҷлис убури рамаҳо тавассути қаламрави маъмурии пойтахт ба чарогоҳҳои мавсимиро қатъиян манъ кардаанд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳамин тавр, қатиъян хостори аз байн бурдани таҷрибаи парвариши чорво дар манзилҳои сокинони пойтахт шудааст.

Насрулло Хайруллоев - муовини аввали шаҳрдори Душанбе «Дар робита ба статуси пойтахти Тоҷикистон дар бахши танзими нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» гузориш дода, масъалаи парвариши гову гӯсфанд ва дигар анвоъи чорвои хурд, ҳамчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагиро дар манзилҳои сокинони пойтахт баррасӣ кардааст.

Убайдуллоев муовинаш Хайруллоев ва раисони ноҳияҳову роҳбарони сохторҳои масъули назоратиро ба “саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ” айбдор карда, барои “ислоҳи бечунучарои камбудиҳои ҷойдошта” ба Насруллоев то 1 январи соли 2014, вале барои мақомоти байториву санитарӣ то 1 декабри соли равон мӯҳлат додааст.

Ҳамин тавр, аз тамоми масъулин тақозо шудааст, ки дар зарфи 10 рӯз сабт (инвентаризатсия)-и чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар қаламрави пойтахт ба анҷом расонанд.

Дар иҷлосия қарор қабул карда шуд,ки убури рамаҳо тавассути қаламрави маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян маън карда шавад ва дар сурати пеш омадани масъала ба унвони идораҳои дахлдор маълумотномаи расмӣ фиристода шавад.