"Номзади ягона ва берақиб". Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум президенти КМО шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бори панҷум президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар (КМОТ) интихоб гардид.

Вай ба ин вазифа дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи кулли КМОТ барои чаҳор соли оянда (2025-2028) интихоб шудааст. Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро аъзои Ассамблеяи КМОТ пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад буд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон панҷумин бор аст, ки президенти КМОТ интихоб мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз сӣ сол боз Тоҷикистонро идора мекунад, аксари мансабҳои ҷамъиятиву давлатиро худу наздиконаш дар ихтиёр доранд. Мухолифон мегӯянд, ӯ идораи кишварро пурра ба дасти наздиконаш супурдааст ва дигарандешонро шадидан саркӯб мекунад.

Ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, ки президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст, писари калонияш, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад.

Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзишанд.

Зайнулло Шарифзода, мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон, ки аз хешовандони президент аст, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар ва раҳбари Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон аст.

Дар ҷаласаи Ассамблеяи КМОТ аз ӯ тавсиф карданд, ки дар замони раҳбариаш дар саросари кишвар 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунад.

Мухолифон мегӯянд, аксари иншооти варзишӣ, ки бунёдашро ба Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд, аз ҷониби соҳибкорону муҳоҷирон сохта шудаанд ва президент ҳеч нақше дар онҳо надорад.

Дар ҷаласаи Ассамблеяи КМОТ Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Дилшод Назаров ноибони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин ҳайати нави кумитаи иҷроияи КМОТ барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб шуда, нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети кумита барои соли 2025 тасдиқ шуд.

Ин мансаби ҷамъиятӣ барои Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран рамзӣ аст ва маъмулан кори онро ноибонаш иҷро мекунанд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуд, се медали биринҷӣ гирифтанд. Ду медалро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо ва нишони сеюмро Давлат

Болтаев дар риштаи бокс ба даст оварданд. Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ дар байни кишварҳои иштироккунандаи Олимпиадаи Порис дар ҷойи 79-ум ҷойгир шуд.

Аммо натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис нисбат ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон - хеле паст аст. Варзишгарони узбек 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифта, дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо ҷойгоҳи 13-ум, дар миёни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ мақоми аввал ва дар Осиё зинаи чаҳорумро касб карданд.

Мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 41-ум, мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ҷойгир шуданд.

Ба назари коршиносон барои омодагии хубтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 зарур аст, ки барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия ва роҳандозӣ гардида, маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ҷумҳурӣ бояд Маркази омодагии олимпӣ бунёд шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад.

Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол боз пирӯзӣ интихоботҳои президентӣ дониста мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ ҳеч бор интихоботҳои президентии замони раҳбарии ӯро шаффоф надонистаанд.