Дар ин ҳодиса, ки субҳи рӯзи 17-уми декабр дар назди манзили зисти генерал-лейтенант Кириллов, 7 километр дуртар аз Кремл рух дод, як афсари ҳамроҳаш низ ҷон бохтааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки маводи тарканда дар дохили самокат ва ё скутери электрикӣ пинҳон буда, ҳангоми беруншавии генерал-лейтенант Кириллов аз манзили зисташ аз дур фаъол шудааст.
Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия як навъи хоси воҳиди мусаллаҳ ҳаст, ки дар шароити заҳролудшавии ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ амалиёт пеш мебарад.
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи ҳодисаро бар ӯҳда гирифтааст.
Мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина боло кардаанд.
"Украинская правда" ва дигар расонаҳои украинӣ бо такя ба манбаҳояшон дар Хадамоти истихборотии ин кишвар навиштаанд, ки қатли генерал кори дуруст буд. "Кириллов ҷинояткори ҷангӣ буд ва комилан бояд нобуд мешуд, чун фармони ҳамлаи кимиёӣ зидди низомиёни украиниро содир карда буд,"-- навиштааст "Украинская правда" аз қавли як манбааш дар Хадамоти истихборотӣ.
Расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳам дар бораи даст доштани Украина дар қатли Кириллов хабар додаанд.
Рӯзи 16-уми декабр Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки ҳангоми ҳамлаи Русия ба хоки Украина нерӯи таҷовузгар таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кириллов камаш 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Моҳи октябр Британия, Канада ва Зеландияи Нав Кириллов ва Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро мавриди таҳрим қарор доданд, зеро ба қавли онҳо Русия дар ҷабҳаи ҷанг аз маводи нафасгиркунанда ва аз ҷумла хлорпекрин кор гирифтааст.
Кремл ин айбномаро беасос мешуморад.
Кириллов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, сар аз соли 2017-ум раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия бар дӯш дошт.